Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум иштирок намуданд

Март 17, 2020 13:59

ДУШАНБЕ, 17.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 17 март ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии вакили кӯҳансолтар аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ҷараён гирифт.

Пас аз тасдиқи регламент ва тартиби инъикоси иҷлосия тавассути ВАО дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суруди миллӣ садо дод.

Рӯзномаи иҷлосия иборат аз 9 масъала:

— Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Дар бораи интихоб намудани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Дар бораи муқаррар намудани шумораи муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Дар бораи пешниҳод ва интихоб намудани муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

— Дар бораи таъсис додани кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Дар бораи интихоб намудани раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Дар бораи таъсис додани Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Дар бораи интихоб намудани ҳайати кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Дар бораи таъин намудани роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ гардида, ба муҳокимаи вакилон пешниҳод гардид.

Оид ба масъалаи якуми рӯзнома  — “Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд №13 Назирӣ Гулбаҳор Назир ҳайати комиссияро пешниҳод намуд. Вакилон ҳайати комиссияро тибқи овоздиҳӣ бо тавассути системаи электронии овоздиҳӣ тасдиқ намуданд.

Мувофиқи банди 23-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳоро ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон пешбарӣ мекунанд.

Доир ба ин масъала вакил аз ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 Латифзода Рустам Барот суханронӣ намуда, номзади вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоирро ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Сипас вакилон Тағойзода Сумангул Саид, Рустам Шоҳмурод ва Файзуллоев Машраб суханронӣ намуда, аз фаъолияти меҳнатӣ ва таҷрибаи кор дар мақомҳои гуногуни сохтори давлатӣ ёдовар шуда, номзади пешниҳодшударо дастгирӣ намуданд.

Барои гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ дар корӣ ҷаласа танаффус эълон гардида, овоздиҳии пинҳонӣ бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интихобот баргузор гардид.

Бо тарафдории 63 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир — Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Идомаи ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир сурат гирифт.

Бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ — муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мансурӣ Дилрабо Сайдулло вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ — муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қодири Қосим вакил аз ҳавзаи интихоботии Ванҷ №40 — муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Пас аз интихоби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, пеш аз ҳама вакилони нави парлумони кишварро бо интихоб шуданашон ба ин мақоми баланду пурмасъулият табрику таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти тоза интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барору комёбӣ орзу карданд.

Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки вакилон бо дар назар доштани манфиатҳои милливу давлатӣ фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар таҳкими ваҳдату субот ва пешрафту ободии мамлакат мегузоранд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди касбии ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноат карда, аз ҷумла хотирнишон намуданд, ки 15 нафар вакил занон, гурӯҳи калони онҳо ҷавонони болаёқату ташаббускор, 32 нафар олимони соҳаҳои гуногун интихоб шуданд, ки 4 нафари онҳо узви вобастаи Академияи илмҳо, 13 нафар доктори илм ва 15 нафар номзади илм мебошанд.

Аз ин шумора як нафар узви вобастаи Академияи илмҳо, 5 нафар доктор ва 3 нафар номзадҳои илмро бонувон ташкил медиҳанд.

Ба ҳайати нави парламент олимон, ҳуқуқшиносону иқтисодчиён, саноатчиён ва кормандони соҳаҳои илму маориф, тандурустиву аграрӣ ва намояндагони касбу корҳои дигар интихоб гардиданд, ки ҳар яки онҳо шахсиятҳои обрӯманду шинохтаи ҷомеа мебошанд.

Иштироки ин шумораи донишмандон дар фаъолияти Маҷлиси намояндагон бояд ба рушди қонунгузории кишвар такони нав бахшад ва ба пешрафти ҳаёти ҷомеа мусоидат намояд, таъкид карданд Президенти мамлакат.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, Парламент бояд бо роҳи қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷомеа, тасвиби созишномаҳои байналмилалӣ, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои таконбахши равандҳои гуногуни ҳаёти давлат ва сокинони мамлакат, густариши созандагиву бунёдкорӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани эътибору обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши сазовор гузорад.

Изҳори итминон карда шуд, ки вакилон дар таҳия ва қабули қонунҳо, тасвиби санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ кӯшиши бештар мекунанд ва дар таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлату ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.

Қонун бояд бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, таъмини адолати иҷтимоӣ, ваҳдату субот, пешрафту созандагӣ ва танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қабул гардида, ифодагари манфиату ниёзҳои мардум, таконбахши рушди ояндаи ҷомеа, ҳамчунин, амалишаванда ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад, таъкид доштанд Президенти мамлакат.

Бинобар ин вакилонро зарур аст, ки сарфи назар аз мансубияти ҳизбии худ, бо дарназардошти манфиату мақсадҳои олии миллиамон барои беҳдошти фазои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа саъю талош карда, тамоми донишу таҷриба ва маҳорати касбии худро ба ин самт равона созанд.

Вобаста ба буҳрони сиёсиву молиявӣ ва бархӯрдҳои шадиди геополитикӣ дар ҷаҳон, ки онҳо метавонанд ба ҳаёти мардуми Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонанд, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки барои пешгирӣ ва паст кардани шиддати чунин хатарҳо мо бояд фаъолияти худро беш аз пеш густариш диҳем ва ҳамеша бо мардум бошем.

Дар ин раванд, вакилон бояд ҳамкориро бо интихобкунандагони худ дуруст ба роҳ монда, ба ҳалли масъалаҳои онҳо кумак расонанд ва кӯшиш намоянд, ки сазовори боварии интихобкунандагон бошанд.

Сарвари давлат таваҷҷуҳи вакилонро ба фаъолияти Ҳукумат дар ҷодаи ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, иҷрои босифату саривақтии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҷалб карда, бо эътимоди комил иброз намуданд, ки вакилон, вазифаҳои худро, ки дар Конститутсия ва қонунҳо муайян шудааст, бо ҳисси баланди ватандорӣ ва дарки масъулият ба хотири пешрафти имрӯзу фардои Тоҷикистон, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатҳи баланд ва босамар амалӣ мекунанд.

Баъд аз суханронии Сарвари давлат бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва овоздиҳии вакилон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 кумита ва 3 комиссия таъсис ёфт ва раисони ин сохторҳо интихоб карда шуданд.

Ҳамин тариқ:

— Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ба вазифаи раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон;

— Шоҳмурод Рустам — раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният;

— Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло — раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия;

— Латифзода Рустам Барот — раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин;

— Фаттоҳзода Саидмурод Самад — раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот;

— Содиқӣ Насиба Нуруллозода — раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон;

— Тағойзода Сумангул Саид — раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ;

— Холиқзода Абдураҳим Ғафор — раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ;

— Амонулло Хайрулло — раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия;

— Исмоилзода Зуфар Муртазохон — раиси Комиссияи экологӣ;

— Баротзода Файзулло — раиси Комиссия оид ба одоби вакилон;

— Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ — раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор, интихоб шуданд.

— Кабирзода Мизроб Саид – роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Бо ҳамин тартиб, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони раис ва раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Зокирзода Маҳмадтоир Зоир
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зокирзода Маҳмадтоир Зоир — дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид

Зокирзода Маҳмадтоир 24 июли соли 1956 дар ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1985 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Селиноградро аз рӯи ихтисоси муҳандис-заминсоз хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 ба сифати муҳандис – заминсози Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои муҳандиси пешбар, сардори гурӯҳи назоратии шӯъбаи техникӣ, сармуҳандиси Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем», сармутахассиси шӯъбаи комплекси агросаноатӣ ва хӯроквории Мудирияти корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи хоҷагии қишлоқ, шӯъбаи комплекси агросаноатии Мудирияти корҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси шӯъбаи комплекси агросаноатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори генералии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷиккоинот», Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаст.

Аз соли 2010 то 2015 дар вазифаи Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2015-2016 дар вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаст.

Аз соли 2016 то соли 2020 дар мансаби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо медали «Хизмати шоиста» ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз шудааст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло
Муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, 17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло 1 феврали соли 1962 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси  ҳуқуқшинос  хатм намудааст.

Фаъолияташро соли 1985 аз вазифаи нотариуси идораи давлатии нотариалии ноҳияи Фархор оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои узви суди вилояти Кӯлоб, узви суди вилояти Хатлон, муовини раиси суди вилояти Хатлон, Раиси суди шаҳри Душанбе, муовин ва муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватҳои сеюм,чорум ва панҷум фаъолият намудааст.

Солҳои 2016-2019 ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ буда, аз 4 марти соли 2019 то 6 марти соли 2020 дар вазифаи котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали «20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Мансурӣ Дилрабо Сайдулло
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мансурӣ Дилрабо Сайдулло 17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Мансурӣ Дилрабо 29 январи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, миллаташ тоҷик, доктори илмҳои техникӣ.

Мансурова Д.С. баъд аз хатми Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ аз моҳи майи соли 1997 ҳамчун лаборанти калони кафедраи иқтисодиёт ва идора фаъолияти меҳнатиашро оғоз намудааст. Баъдан дар вазифаҳои омӯзгор, ассистенти кафедраи технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагии Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, баъд чун сармуаллим ва аз соли 2001 то 2008 ба сифати мудири кафедраи номбурда фаъолият бурдааст.

Соли 2010 муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоxикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таъин гардида, то соли 2014 дар ин мақом роҳбарӣ намуда, аз соли 2014 вазифаи директори муассисаи мазкурро ба дӯш дошт. Аз соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар давоми фаъолияти меҳнатиаш ӯ зиёда аз 150 корҳои илмӣ чоп кардааст. Аз он ҷумла: 2 монография, 12 ихтироот, 108 мақола, 20 маърӯзаи ва 9 дастури методиро ба толибилмон пешкаш намудааст. Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Умаров ва дорандаи  медали нуқраи Симпозиуми байналмилалии занони ихтироъкор дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

Қодири Қосим
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қодири Қосим аз 17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Қодири Қосим 9 апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1983 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм кардааст.

Фаъолияташро соли 1983 ба ҳайси агроном боѓпарвари совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои агроном ва сарагрономи совхози «50 солагии СССР»-и ноҳияи Ванҷ, директори совхози «Россия»-и ноҳияи Ванҷ, инструктори комитети марказии ЛКСМ Тоҷикистон, Котиби дуюми комитети вилоятии ЛКСМ Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, ҷонишини сардори идораи хоҷагии қишлоқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва муовини вазири  кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон меҳнати пурсамар намудааст.

Аз соли  2006 то соли 2013 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз соли 2013 то соли 2017 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Аз  феврал соли 2017  дар вазифаи  Раиси иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.  Соли 2004 бо ордени «Дӯстии халқҳо» қадрдонӣ шудааст.

 

Иштирок дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17.03.2020

Март 17, 2020 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Як қатор сарони давлатҳо ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд