Раддияи Вазорати корҳои дохилӣ ба хабари беасос

Март 31, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 31.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Сомонаи интернетии «Ахборком» 30 март таҳти сарлавҳаи «Худкушии хонандаи синфи 11 баъди 12 ҳазор сомонӣ ҷаримаи БДА» хабар паҳн намудааст, ки ба ҳолати воқеии ҳодиса мувофиқат намекунад.  Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ноболиғ Сулаймонзода Набихоҷаи Нусрат, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ, ҷамоати деҳоти Оббурдон, кӯчаи Мусо Исоев, ҳавлии №2, хонандаи синфи 11-и МТМУ №3-и ҳамин ноҳия 29 март, тахминан соати 13:30, дар анборхонаи ҳавлии истиқоматиашон бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ задааст.

Ҳодисаи мазкур ба фаъолияти БДА рабт надорад. Зеро далели гӯё зимни идораи мошини тамғаи “Мерседес”-и ба падараш тааллуқдошта боздошт шудани ноболиғ асоси воқеӣ надошта, аз суханони падараш Набихоҷа Сулаймонзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт намебаромад ва ҳуқуқи рондани мошинро надошт. Ғайр аз ин падари ноболиғ Набихоҷа Сулаймонзода — Сулаймонов Нусрат Мирзоевич мошини тамғаи “Мерседес” надорад ва барои ягон намуд ҳуқуқвайронкунӣ ҷарима нашудааст.

Ба маълумоти истифодабарандагони ВАО мерасонем, ки сабабҳои даст ба худкушӣ задани ноболиғи мазкур аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ маълум карда мешаванд. Расонаҳои хабарӣ маълумотро дақиқ насанҷида, набояд хабарҳои бардурӯғ ва иғвоангез паҳн намоянд.

Март 31, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд