Умеда Юсуфӣ, сардори Маркази матбуоти КҲФ ва МГ: «Аз пешаи интихобкардаам пушаймон нестам»

Март 8, 2020 10:08

ДУШАНБЕ, 08.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мояи ифтихор аст, ки дар мамлакати мо сол то сол сафи занон дар мақомотҳои қудратӣ меафзояд.

Чанде пеш, ба шарафи 27-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳ  дар пойтахти мамлакат гузашти низомӣ сурат гирифт. Ба занони низомипӯши бо виқор қадамзананда нигариста беихтиёр дил аз фараҳ лабрез мегардад. Аз он гувоҳи медиҳад, ки имрӯз барои фаъолияти  занон дар мушкилтарин соҳаҳо, ки байни мардум онҳоро “корҳои мардона” ном мебаранд  ҳам ниёз ва эътимоди хосса доранд.

Бахшида ба Рӯзи Модар хабарнигори АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки бо сардори маркази матбуоти  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ҳамсуҳбат гардад. Зеро Умеда Юсуфӣ  бонуест, ки дар қатори мардон адои хизмат намуда, сарфи назар аз зан буданаш ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ба таври фаврӣ ба зарардидагон кумак мерасонад.

АМИТ «Ховар»:  Шумо дар баробари зан-модар буданатон имрӯз дар қатори мардон ҷасурона  фаъолият менамоед, ин барои шумо душвор нест? Сабаб чист, ки Шумо маҳз ҳамин соҳаро интихоб намудед?

У. Юсуфӣ: Муҳофизи зиндагӣ дар асл зан-модар аст. Дили модар ба гунае пок аст, ки дар ягон ҳолат намехоҳад ҷанг бошад. Зан-модар ҳамеша тарафдори хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати зиндагӣ буда, ҳадафи асосии ӯ паҳн намудани хушбахтӣ  мебошад. Мусаллам аст, ки занону модарон қувваи бузурги ҷомеа ва тарбиятгару насли созандаи Ватан ба ҳисоб мераванд. Маҳз модар буд, ки Рустами Достонро шӯҳратманди ҷаҳон ва аз ҳама муҳимаш, барои ҳимояи марзу буми Ватан ҳидоят намудааст. Дар урфият мегӯянд, ки «модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад». Тамоми низоъҳоро зан-модар метавонад бо меҳри беандозаи худ пешгирӣ намояд.  Сабаби ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рӯ овардани ман низ- ин расонидани ёрии модаронаи худ буда, Ватанро чун фарзандонам ҳимоя намудан мебошад. Расонидани ёрии худ ба мардум, пешниҳод намудани маълумот, огоҳӣ, тавсияҳо ва аз ҳама муҳим, восита шудан барои наҷоти шаҳрвандон мояи ифтихори ман аст. Ин масъулият барои ман ягон  душворӣ надорад.

АМИТ «Ховар»: Дар баробари иҷрои масъулияти корӣ   Шумо барои  тарбияи фарзандон чӣ гуна вақт меёбед?

У. Юсуфӣ: Фарзанд меваи умри инсон аст. Ин мева ҳама вақт бор ме­орад ва лаззат мебахшад. Ба воя расонидану тарбияи дуруст кардани фарзанд қарзи муҳим, вазифаи аввалиндараҷа ва масъулияти  падару  модар дар назди ҷомеа, миллату Ватан ва мардум мебошад. Худро модари хушбахт меҳисобам. Чун ду фарзандам муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо баҳои аъло хатм намуданд. Писарам баъд аз хати мактаб ба яке аз донишкадаҳои бонуфузи Федератсияи Россия дохил шуда, бо муваффақият онро хатм намуд ва имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат карда истодааст. Духтарам баъди хатми мактаб дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон таҳсил дорад. Дар тарбияи фарзандонам саҳми бузурги модарам, ки 47 соли ҳаёти хешро барои омӯзонидани насли наврас сарф кардаанд, беандоза мебошад. Модар имрӯз ҳамсафар, мушовир, дугона ва чароғи ҳаёти ман ҳастанд.

АМИТ «Ховар»: Тавре медонем, соли 2019 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин маркази матбуотии сол интихоб шуд. Сирри ин муваффақиятро Шумо дар чӣ мебинед?

У. Юсуфӣ: Бале, моҳи марти соли 2019 дар Рӯзи матбуоти тоҷик маркази матбуоти Кумита сазовори ҷоизаи “Маркази матбуоти сол” гашт. Дар мадди аввал мехоҳам зикр намоям, ки дар ин дастовард қабл аз ҳама  саҳми роҳбари мо-Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ниҳоят калон аст. Ин шахс бо дастгирии доимӣ ва пайваста нисбат ба рушду нумӯи ҳама ҷабҳаҳои соҳа ва махсусан равнақи маркази матбуот саъю кӯшиш менамоянд. Имрӯз маркази матбуоти Кумита дорои тамоми техника ва таҷҳизоти муосир аст. Ҳеҷ гуна сир нест-танҳо бояд сидқан, ростқавлона, самимӣ бо тамоми қишрҳои аҳолӣ буд ва содиқона ба Ватан хизмат кард. Кормандони марказ пайваста дар хизмати аҳолӣ мебошанд, ҳам бо навор, ҳам бо маълумот кӯшиш менамоянд, ки саҳми бевоситаи худро дар  пешщгирӣ ва бартарафсозии  оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода гузоранд. Ғайр аз ин дар сомонаи Кумита рақамҳои телефон барои тамос  мавҷуданд. Мо ба ҳама  зангҳо ҷавоб мегардонем ва сари вақт маълумотро дастрас менамоем.

АМИТ «Ховар»: Рисолати зан- модарро дар замони муосир чӣ гуна метавон шарҳ дод?

 У. Юсуфӣ: Вазифаи аввалиндараҷаи зан, пеш аз ҳама, модар будан аст. Занро дар ҷомеа аз қадимулайём чароғи хонадон мегӯянд. Ин аст, ки рисолати ӯ дар оила ва ҷомеа созандакорӣ ва тарбияи насли наврас аст. Ғайр аз ин пас аз ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳу ғамхории Ҳукумати мамлакат нисбат ба занон рӯз аз рӯз бештар гардида, онҳо дар баробари мардон дар тамоми соҳаҳои мамлакат фаъолият менамоянд. Оне, ки солҳои охир дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шумораи занон бо рутбаҳои баланди ҳарбӣ зиёд шуда истодааст, бевосита шаҳодати таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба занон мебошад. Ва на танҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, балки дар вазифаҳои баланди давлатӣ низ занон фаъолият доранд ва саҳми созандаи худро ҳамарӯза гузошта истодаанд.

АМИТ «Ховар»: Шуморо пайваста дар сафарҳои корӣ-дар мавзеъҳои офатрасида, тармароҳҳо ва ҷойҳои хатарнок мебинем. Дар ин гуна ҷойҳо эҳсоси тарс Шуморо фаро намегирад?

У. Юсуфӣ: Аз моҳи апрели соли 2016 дар Кумита фаъолият дорам. Моҳи майи соли 2016 сели азиме ба ноҳияи Рӯдакӣ омад, ки дар натиҷаи он 1500 хона ва майдонҳои кишоварзиву наздиҳавлигӣ дар зери обу лой монданд. Ин аввалин сафари кории ман ба мавзеи офатзада буд. Дар ин лаҳзаҳо вақте ки бо мардуми офатзада ҳастеду пурра дарк менамоед, ки то чӣ андоза онҳо ба ёрии шумо ниёз доранд,    тарсу ваҳм шуморо тарк намуда, ҷои онро ҳисси ҳамдардию ҳамдилӣ мегирад.

АМИТ «Ховар»: Боре ҳам аз интихоби пешаи худ пушаймон шудаед ва ба қавле, ҳаваси кори занона намекунед?

У. Юсуфӣ: Ихтисоси ман омӯзгори фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ аст,  18 соли ҳаётамро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидам. Баъдан, бо тақозои зиндагӣ,  касби омӯзгориро тарк намуда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рӯ овардам. Тайи зиёда аз 10 сол аст, ки дар ин ҷода фаъолият дорам. Аз ягон касбу фаъолияти худ боре ҳам пушаймон набудам, чун он коре, ки мекунам, ниҳоят дӯст медорам. Яке аз самтҳои афзалиятноки Кумита — ин бурдани корҳои наҷотдиҳӣ мебошад ва  дар ҳайати дастаҳои зудамали наҷотдиҳии мо дар баробари мардон занон низ адои хизмат мекунанд, ба ҷойи ҳодиса сафарбар мешаванд, наҷот медиҳанд. Магар дар кори наҷотдиҳӣ кори занонаву мардона ҳаст? Ба фикрам, не…

АМИТ «Ховар»: Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бонувон зиёданд?

У. Юсуфӣ: Имрӯз дар Кумита низ хушбахтона, тариқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати зан баланд бардошта шудааст. Дарвоқеъ, занон қишри фаъоли ҷомеа буда, дар иҷрои босифати вазифаҳои бар зимма дошта пурмасъуланду баробари мардон қадамҳои устувор мегузоранд. Дар Кумита зиёда аз 180 нафар занон кор мекунанд, ки аз ин шумора 15 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Дар Кумита занон дар баробари мардон ширкат меварзанд, ҳеҷ кас ҳуқуқҳои онҳоро поймол намекунад. Рӯз то рӯз барои боз ҳам беҳтар намудани хизмати онҳо аз тарафи роҳбарияти Кумита тадбирҳо андешида мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Шумо кадом  шириниро бештар дӯст медоред ва дар вақтҳои холигӣ онро омода менамоед?

У. Юсуфӣ: Ба ростӣ, дар хурдӣ хеле шириниҳою маҳсулоти қаннодӣ,  хусусан торти “Прага”-ро дӯст медоштам. Албатта, ҳозир низ пухтани шириниро дӯст медорам, лекин барои ин вақт тангӣ мекунад. Барои омода намудани шириниҳо дар рӯзҳои иду зодрӯз якҷоя бо духтарам машғул мешавем.

АМИТ «Ховар»: Ба Шумо дар ин ҷодаи пурифтихор сарбаландӣ мехоҳем.

 

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Март 8, 2020 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин