ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Вусъати раванди бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқолияти давлатӣ дар Ҳисор

Апрель 7, 2020 08:25

ДУШАНБЕ, 06.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 767 иншооте, ки ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бунёд мегарданд, 261 ададаш мавриди истифода қарор дода шуда, корҳои бунёдкорию созандагӣ дар иншооти боқимонда бомаром идома доранд. Матлаби мазкур дар машварати корие, ки дар шаҳри Ҳисор бо  иштироки аъзои гурӯҳҳои корӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода  дар  партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  доир гардид, зикр шуд.

Дар машварат ба масъулин  дастур дода шуд, ки ҳамкориро бо соҳибмулкон, соҳибкорон ва аҳолӣ наздик карда, ба суръат ва сифати корҳои сохтмонӣ ва истифодаи маҳсулоти ватанӣ эътибор диҳанд.

Раиси шаҳр дар идомаи машварат ба масъалаҳои тозагии муҳити зист, ободонии манзили истиқоматӣ, вазъи фаъолият дар муассисаҳои таълимию табобатӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ба роҳ мондани корҳои тарғибу ташвиқ дар байни аҳолӣ ҷиҳати таъмини амнияту бехатарӣ, фаъолияти мунтазам ва судманди бозорҳои шаҳр махсусан вазъи тозагӣ диққати ҷиддӣ дода, ба роҳбарони гурӯҳҳои корӣ, муовинони раиси шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дода, иҷрои нақшаҳои бунёдӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои муҳимро дар самти рушди вазъи зиндагии аҳли ҷомеа аз самтҳои муҳими фаъолият арзёбӣ кард.

Бояд гуфт, ки дар арафаи иди Наврӯз дар шаҳри Ҳисор 57 иншоот, аз ҷумла як муассисаи томактабӣ барои 120 нафар кӯдак, бинои иловагӣ дар назди се муассисаи таълимӣ бо таъсиси беш аз 350 ҷои нишаст, 7 бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишӣ, коргоҳҳои  дӯзандагӣ, маркази омӯзиши забонҳо, сартарошхона, нонвойхона мавриди истифода қарор дода шуданд, ки  бозгӯи раванди корҳои  бунёдкорӣ  дар шаҳри Ҳисор  аст.

Апрель 7, 2020 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд
Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкории саноатиро тақвият медиҳанд
Соҳибкорони Тоҷикистон ва Италия ба маблағи зиёда аз 160 миллион доллари амрикоӣ санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад