Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 доир гардид

Апрель 15, 2020 16:38

ДУШАНБЕ, 15.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 доир гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар ҷаласа раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода, намояндагони федератсияҳои варзишӣ, мураббиён ва варзишгарон – аъзои дастаҳои мунтахаб ширкат карданд.

Абдулло Раҳмонзода ба ду нафар варзишгар – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев, ки роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ ба даст овардаанд, изҳори сипос намуда, гуфт, ки ин варзишгарон ва дигарон, ки дар оянда соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд, ҳатман қадрдонӣ мегарданд.

Роҳбарияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ варзишгарон ва мураббиёни онҳоро бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ кард

Абдулло Раҳмонзода ёдовар шуд, ки Бозиҳои олимпии Токио бо сабаби авҷ гирифтани вируси COVID-19 дар ҷаҳон ба соли 2021 гузаронида шуданд, ҳамчунин бисёр мусобиқаҳо, аз ҷумла мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ба вақти номаълум мавқуф гузошта ё лағв шуданд. Аз ин рӯ варзишгарони мо набояд фориғбол бошанд, балки машғулиятҳои ҳаррӯзаашонро ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ идома диҳанд. Дар ин робита пешниҳод шуд, ки барои дастаҳои мунтахаб дар дохили мамлакат пайваста  машқҳои дастаҷамъӣ ташкил карда шаванд.

Дар ҷаласа масъалаҳои дигари омодагии варзишгарон баррасӣ шуданд.

Апрель 15, 2020 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд