Бонувони волейболбози ВМБК дар Чемпионати Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб шуданд

Апрель 25, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 25.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 24  апрел дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волейбол байни бонувонон  баргузор гардид, ки дар он варзишгарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойи якумро ишғол намуданд. Дар Чемпионати мазкур 7 даста бо ҳам рақобат намуда, дастаи Душанбе ҷойи дуюм ва дастаи вилояти Суғд сазовори ҷойи сеюм гардид. Дастаҳои ғолиб  бо ҷом ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар ин бора  мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад. 

Ёдовар  мешавем, ки  аз 19 то 25 июни соли 2019 бахшида ба 22-юмин  солгарди  Рӯзи Ваҳдати миллӣ   дар  шаҳри Душанбе байни бонувон Мусобиқаи кушод оид ба волейболи касбӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2019» баргузор гардида буд. Дар даври финалӣ ду даста —  волейболбозони   ВМБК ва шаҳри Душанбе-1 байни ҳам рақобат намуданд. Дастаи волейболбозони ВМКБ   бо ҳисоби 3:1 дастаи  Душанбе-1-ро  мағлуб карда, сазовори «Ҷоми пойтахт-2019» ва 20 ҳазор сомонӣ мукофот гардид.

Ҷои дуюм насиби дастаи Душанбе-1 гардид, ки онҳо соҳиби медали нуқра ва 15 ҳазор сомонӣ шуданд. Ҷои сеюмро  дастаи дигари волейболбозони ВМБК  бо шикаст додани дастаи Душанбе-2 ба даст оварда, сазовори медали биринҷӣ ва 10 ҳазор сомонӣ мукофот гардид.

Ба ғолибони мусобиқаи мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ Ҷом, медал ва мукофотҳои пулӣ тақдим намуд. Дар Мусобиқаи кушод оид ба волейболи касбӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2019» масъулини  Муассисаи  давлатии раёсати кор бо мактабҳо  ва иншооти варзишии   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута иштирок доштанд.

Дар мусобиқаи мазкур 11 дастаи волейболбозон, аз ҷумла 4  даста  аз шаҳри Душанбе,  2-дастаӣ  аз вилоятҳои Суғд, Хатлон ва  ВМБК, 1 даста аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок ва байни ҳам рақобат карданд.

Мусобиқа  бо  ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба варзиш ҷалб намудани занону духтарон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар пойтахт роҳандозӣ гардида буд.

Апрель 25, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд