COVID-19 ДАР ҶАҲОН. Дар ИМА шумораи гирифторони коронавирус беш аз 700 ҳазор нафар гардид

Апрель 18, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка (ИМА) шумораи шахсони гирифтор ба намуди нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 32 ҳазору 165 нафар зиёд шуда, дар маҷмӯъ ба 710 ҳазору 21 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дошда, шумораи беморони шифоёфта ва фавтида дар он мутаносибан 37 ҳазору 158 нафар ва 60 ҳазору 510 нафарро ташкил медиҳад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин Испания (190 839 нафар), Италия (172 434), Франсия (147 969), Германия (141 397), Британияи Кабир (108 692), Чин (82 719), Эрон (79 494), Туркия (78 546) ва Белгия (36 138) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар дар Германия – 83 114 нафар, Чин — 77 029, Испания – 74 797, ИМА – 60 510, Эрон – 54 064, Италия – 42 727, Франсия – 34 420, Швейтсария – 16 400, Бразилия – 14 026 ва Канада – 10 543 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (37 158 нафар), Италия (22 745), Испания (20 002), Франсия (18 681), Британияи Кабир (14 576), Белгия (5 163), Эрон (4 958), Чин (4 632), Германия (4 352) ва Нидерланд (3 459) дохил мешаванд.

Мувофиқи маълумоти СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 250 ҳазору 757 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 154 ҳазору 262 нафар вафот карда, 571 ҳазору 145 кас шифо ёфтаанд ва 57 ҳазору 136 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

СУТ 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард ва имрӯз дар бораи 210 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

ДАР АКС: Дар ИМА бемори гирифтори коронавирусро ба беморхона мебаранд.

 АКС аз БРАЙАН СНАЙДЕР/РЕЙТЕР

 

Апрель 18, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид