COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба беш аз 3,5 ҳазор нафар расид

Апрель 18, 2020 10:57

ДУШАНБЕ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи гирифторони коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 3 549 нафар ва дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 49 803 кас расид. Ҳамчунин шумораи шифоёфтагон дар Осиёи Марказӣ ба 633 нафар ва фавтидагон ба 26 кас расида, ин нишондодҳо дар ИДМ мутаносибан 5 017 ва 556 нафарро ташкил медиҳанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Ба ҳолати 18 апрел дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки аъзои ИДМ низ мебошанд, шумораи мубталоён ба коронавирус мутаносибан 1 593, 1450 ва 506 нафарро ташкил медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла дар Россия 32 008 ҳолат, Беларус – 4 779, Украина – 4 662, Молдова – 2 264, Озарбойҷон – 1340 ва Арманистон – 1201 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

Дар ҳамаи ин давлатҳо дар баробари зиёдшавии шумораи сироятёфтагон ҳамчунин тамоюли шифоёбии онҳо рӯ ба инкишоф аст. Масалан, то имрӯз дар Россия 2 590 нафар, Озарбойҷон – 528, Арманистон  – 402, Қазоқистон – 347, Беларус – 342, Молдова – 276, Украина — 246, Ӯзбекистон – 156 ва Қирғизистон – 130 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Ҳамзамон дар Россия 273 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Украина – 125, Молдова – 54, Беларус – 40, Арманистон – 19, Қазоқистон – 17, Озарбойҷон – 15, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон 4 нафар фавтидаанд.

То имрӯз миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 906 нафар буда, 99 нафари онҳо шифо ёфта, 30 тани дигар вафот кардаанд.

Тавре чанде пеш АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти СУТ хабар дод, дар ҷаҳон беш аз 2,2 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора зиёда аз 154 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 574 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва зиёда аз 57 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (710 272 нафар), Испания (190 839 нафар), Италия (172 434), Франсия (147 969), Германия (141 397), Британияи Кабир (108 692), Чин (82 719), Эрон (79 494), Туркия (78 546) ва Белгия (36 138) дохил мешаванд.

СУТ 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард ва имрӯз дар бораи 210 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Апрель 18, 2020 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид