Дар ДМТ даври умумидонишгоҳии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид

Апрель 10, 2020 15:04

ДУШАНБЕ, 10.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври умумидонишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Ҳайати ҳакамони даври умумидонишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирокчиёнеро, ки натиҷаи баландро соҳиб гардиданд, барои иштирок ба даври дуюм пешниҳод намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР иттилоъ медиҳад, ин даври озмунро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳ намуд. Дар он ҳайати ҳакамон, устодону донишҷӯён, аспирантону магистрон, унвонҷӯёну докторантон, инчунин хонандагон литсейи Донишгоҳ иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки соли дуюм аст дар мамлакат ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.

?

Тавре аз низомномаи озмун бармеояд, он бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо),  калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат) доир мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз таълимгирандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи  номинатсияҳои «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик» «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон»   «Аз ёд кардану хондани осори классикӣ» «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик» иштирок намуданд.

Соли равон гуфт, гуфт узви ҳайати ҳакамони озмун, мудири кафедраи адабиёти навини тоҷикӣ-форсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муртазо Зайниддинзода, бар замми номинатсияҳои  озмуни қаблӣ довталабон аз рӯи номинатсияи шоирӣ низ миёни ҳам рақобат мекунанд.

«Дар маҷмӯъ эълон гардидани озмуни мазкурро, ки бо иқдоми бевоситаи Пешвои  миллат сурат гирифт, ҷомеа хуб қабул намуд. Зеро имрӯз хуб мушоҳида мешавад, ки китобхонӣ миёни тамоми қишрҳои ҷомеа ба як ҳаракати сартосарӣ табдил ёфта истодааст», — афзуд мавсуф дар суҳбат бо хабарнигорон.

Тибқи ҷадвали баргузорӣ Озмуни ҷумҳуриявии  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз чор давр иборат буда, аз моҳи январ то моҳи декабр ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

-даври якум моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, маркази деҳот, шаҳрак;

-даври дуюм моҳи июн дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

-даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

-даври чоруми озмун барои ғолибон то 10 декабр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ҷамъбаст мегардад.

Натиҷаи даври аввали озмун ба расмият дароварда шуда, бо имзои раис ва аъзои ҳайати ҳакамон тасдиқ ва нусхаю варақаи баҳогузорӣ, нусхаи сабти видеоӣ дар парвандаи ғолиби озмун нигоҳдорӣ ва барои даври минбаъдаи озмун манзур мегарданд.

Апрель 10, 2020 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон оғоз гардид
Дар Минск консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор мегардад
ШАҲРИ ДУШАНБЕ – АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ. Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар доираи ин фестивал дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан баргузор гардид
Ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллиро тамошо намуд