Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад

Апрель 19, 2020 08:59

ДУШАНБЕ,  19.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад.

Тавре аз донишгоҳи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар озмун 90 нафар донишҷӯёни факултетҳо ва хонандагони гимназияи назди донишгоҳ иштирок намуда, донишҷӯёни арзанда ба даври шаҳрӣ роҳхат мегиранд.

Дар ҷамъомад ректори донишгоҳ Сайфиддин  Давлатзода зикр дошт, ки мақсад аз баргузор кардани озмун дарёфти истеъдодҳои нав, тақвияти донишу ҷаҳонбинӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ва аҳли ҷомеа ба китобу китобхонӣ мебошад.

«Дарвоқеъ, озмуни мазкур аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии амиқ пайдо намуда, теъдоди иштирокчиён нисбат ба соли гузашта афзудааст. Боварии комил дорам, ки устодону донишҷӯён ва хонандагони гимназияи назди донишгоҳ дар ҳамаи даврҳои озмун фаъолона иштирок намуда, ба ҷойҳои намоён шарафёб мешаванд», — гуфт С. Давлатзода.

Раиси комиссияи ҳакамон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳасан Муродиён иброз намуд, ки ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ташаккули худшиносиву худогоҳии ҳар фарди ҷомеа таъсири амиқ расонида, инсонро ба сӯйи саодату некбахтӣ мебарад. Имсол шумораи иштирокчиёни озмун дар даври аввал хеле зиёд гардида, боварӣ дорам, ки омодагии онҳо барои иштирок низ беҳтар шудааст.

Апрель 19, 2020 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад