Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 42 гектар боғи нав бунёд шуд

Апрель 2, 2020 12:07

ДУШАНБЕ, 02.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи ободонӣ ва сабзазоркунӣ бо ибтикори бахши ҳифзи муҳити зисти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов то имрӯз дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 5247 бех ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шудаанд. Аз он 3107 бех навниҳоли ардач,  2108 бех навниҳоли санавбар ва 32 бех ниҳоли кипарис мебошанд.

Тавре масъули шуъбаи кор бо ВАО-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Азиз Набиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода хабар дод, дар маъракаи сабзазоркунӣ соли равон зиёда аз 39 000 адад гулҳои ороишӣ, аз ҷумла 15000 адад гули виола, 12000 адад гули садбарг ва 12000 тухми лола ва ҳамзамон баҳри дар оянда зиёд намудани дарахтони сояафкану гулҳои ороишӣ зиёда аз 12 400 адад қаламчаи сафедор ва 8200 адад қаламчаи гули садбарг низ шинонида шуданд.

Инчунин дар доираи иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба бунёд ва азнавбарқароркунии боғу токзор дар ноҳия то охири моҳи март 45 га боғ барқарор ва дар майдони 42 га боғҳои нав бунёд карда шуда, ҳамзамон дар майдони 1403,04 га боғу токзор тибқи талаботи муайяншуда корҳои агротехникӣ, аз ҷумла, буриши санитарии боғ дар масоҳати 1243 га, коркарди кимиёвии боғ дар 347 га, буриши санитарии токзор дар 59 га, коркарди кимёвии токзор дар 28 га ба анҷом расонида шуданд.

Апрель 2, 2020 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад