ФУТБОЛ: 10 дастаи бонувони тоҷик бо ҳам сабқат мекунанд

Апрель 18, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 18.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Санаи бозиҳои  Чемпионати  Тоҷикистон  байни  дастаҳои  Лигаи миллӣ оид ба футбол  миёни  бонувон муайян гардид. Чун соли қаблӣ барои медалҳо 10 дастаи бонувони  футболбози мамлакат барои соҳиб шудан ба Ҷоми Чемпионати  Тоҷикистон  байни ҳам мубориза мебаранд. Мавзӯи мазкурро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Дар Чемпионати мазкур, ки 19  апрел оғоз мешавад, дастаҳои футболи «Зебоннисо»-и Душанбе, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Хатлон»-и Бохтар, «Барқ»-и  Норак, «Ҳосилот»-и  Фархор, «Зебо»-и Дӯстӣ, «Чашма»-и Шаҳритус, «Равшан»-и  Кӯлоб, «Бешкент»-и Носири Хусрав ва «Панҷшер»-и  Ҷалолиддин Балхӣ байни ҳам сабқат мекунанд.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дар ду марҳила баргузор шуда, дастаҳо дар хона ва меҳмонӣ рақобат мекунанд. Ҳамаи дастаҳо 18 бозӣ анҷом медиҳанд. Ҳамаи ин бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни  бонувон бе иштироки тамошобинон дар  варзишгоҳҳои мамлакат гузаронида мешаванд.

Мухлисони футболи тоҷик метавонанд ин вохӯриҳоро тариқи  телевизионҳои  ватании   «Варзиш» ва «Футбол»  тамошо карда, ҳаловат баранд.

Чемпионати Тоҷикистон-2020 миёни бонувон

Даври 1-ум

19 апрел (якшанбе)

«Зебонисо» – «Хатлон»

«Бешкент» – «Хосилот»

«Панҷшер» – «Чашма»

«Регар-ТадАЗ» – «Зебо»

«Равшан» – «Барқ»

 Даври 2-юм

26 апрел (якшанбе)

«Хатлон» – «Барқ»

«Зебо» – «Равшан»

«Чашма» – «Регар-ТадАЗ»

«Ҳосилот» – «Панҷшер»

«Зебоннисо» – «Бешкент»

Ёдовар  мешавем, ки  12 ноябри соли 2019  дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолиби Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои бонувон баргузор гардида буд. Дар он  дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ҷараёни чемпионати соли гузашта маҳорати баланд нишон дод. Дар натиҷа дар 16 бозӣ ғалаба карда, як бозиро мусовию як бозиро бо бохт анҷом дода, бо 49 имтиёз дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифт. Дар он  рӯз ба футболбоздухтарони даста медалҳои тилло ва Ҷоми чемпионат тақдим гардиданд.

Зинаҳои дуюм ва сеюмро дар мавсими соли гузашта дастаҳои футболи  «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ ва «Зебоннисо»-и шаҳри Душанбе ишғол намуда буданд.

Дар мусобиқаи соли гузашта  дарвозабони беҳтарин Меҳрона Файзуллоева аз дастаи «Хатлон», нишонзани беҳтарин Меҳрангез Шарипова аз дастаи «Хатлон», бозингари беҳтарин Некубахт Худододова аз дастаи «Зебоннисо» ва мураббии беҳтарин Ашӯр Гадоев аз дастаи футболи  «Хатлон» дониста шуданд. Аз тарафи Ташкилоти қарзии «Фурӯз» ба ғолибони лигаи бонувон туҳфаҳо супорида шуданд.

Апрель 18, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд