Имрӯз — Рӯзи байналмилалии китоб ва ҳуқуқи муаллиф

Апрель 23, 2020 09:04

ДУШАНБЕ, 23.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1995 инҷониб бо қарори ЮНЕСКО 23 апрел Рӯзи байналмилалии китоб ва ҳуқуқи муаллиф эълон шудааст. Ба ин муносибат ҳар сол дар садҳо давлати ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯзро таҷлил менамоянд. Ҳадаф аз баргузории он таблиғи китоб, эҳтиром ба муаллифи китоб ва донистани ҳуқуқҳои офаранда ва эҷодкунандаи асар ё ихтироъ мебошад. Инчунин таҷлили ин рӯз ба мавлуд ва фавти чунин нависандагони номвар, ба монанди Сервантес, Шекспир, Инка Гарсиласо де ла Вега, Морис Дрюон, X.Лакснесс, Владимир Набоков, Дж. Пла ва Мануэл Мехиа Валехо рост меояд.

Ин рӯзест, ки дар он китобро таблиғ намуда, дар баробари он ёдовар мешавем, ки муаллифони китоб низ ҳаққу ҳуқуқҳо доранд. Баргузории  ин тадбир ба китобхониву ҳамкории мардум бо муаллифон, тақвияти ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф ва густариши фаъолияти ноширону паҳнкунандагони китоб равона гардидааст. Аз соли 2000 се ташкилоти байналмилалӣ – Иттиҳоди байналмилалии ноширон, Федератсияи байналмилалии китобфурӯшон, Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳо ва муассисаҳои китобдорӣ ҳар сол  аз ҷониби ЮНЕСКО пойтахти як давлатро «Пойтахти ҷаҳонии китоб» эълон менамоянд, ки бори охир соли 2018 шаҳри Конакри Ҷумҳурии Гвинея сазовори ин унвон гардида буд.

Тоҷикон аз шумори мардумонеанд, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром      ва эътиқоди хосса доранд.  Ба мо аз давраи ёдгориҳои хаттие, ба мисли «Авесто», «Дарахти ассурик» ва амсоли инҳо китобҳо боқӣ мондаанд.

Махсусан замони салтанати Сомониён барои рушду камоли сухан ва анъанаи китобдорӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар шаҳри Бухорои замони Сомониён китобхонаи калонтарини давлатӣ бо номи «Ганҷинаи ҳикмат» (Савонеҳ – ул – ҳикмат) амал мекард.

Тавре муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир ва нависанда Ато Мирхоҷа дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд,  ки  китобро шахсе менависад, ки  меҳнати ақлонии худро дуруст истифода мебарад. Китобнависон инчунин  барои навиштан, эҷод намудан, ихтироъ намудан ва нашр намудан ҳуқуқ доранд.

Аммо имрӯзҳо баъзе нафарон навишта ё андешаи дигар муаллифро  ба номи худ интишор медиҳанд, ки ин поймол намудани ҳуқуқи нависанда ё дуздист.  Дар ин раванд инсоният ба хулосае омад, ки бояд ҳаққи муаллиф маҳфуз нигоҳ дошта шавад, яъне ҳуқуқи онро ягон каси дигар поймол карда натавонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1998 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» қабул шудааст, ки дар танзими муносибатҳои муаллифон ва истифодабарандагони асарҳои онҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми истифодаи обьектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он нақши муҳим дорад. Яъне дар ҷумҳурии мо низ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиати муаллиф   санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардида, тадбирҳо андешида мешаванд.

Сардори шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Набизода зикр намуд, ки  қонун ва меъёрҳо барои ҳифзи ҳуқуқи муаллифон таълиф гаштаанд, бояд онро мо дар амал тадбиқ намоем ва ба эҷоди онҳо эҳтиром гузорем. Ҳамчунин муаллифон низ бояд  ҳуқуқи худро оид ба моликияти зеҳнӣ ҳифз   ва дар сурати зарурат ба мақомоти дахлдор муроҷиат карда тавонанд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, давоми се моҳи аввали соли равон ба шуъбаи мо 58 нафар муроҷиат намудаанд. Ин муроҷиатномаҳо бештар ба мушкилоти асари эҷоднамудаи муаллиф дар хориҷи мамлакат  рабт мегиранд, чун сароидани суруди як нафар бе иҷозати муаллифи он, истифодаи асари шахси дигар ва қайд накардани манбаи иқтибос, пардохт накардани ҳаққи қалам дар истифодаи асарҳои драмавӣ ва ба ҳамин монанд.

Нуъмон Набизода зикр намуд, ки ҳар як ҷомеа вобаста ба эҷод ва ихтироъҳои хеш ба пешравиҳо ноил мегардад. Сабаби ҳифз намудани манфиатҳои муаллифон низ ҳамин аст. Яъне дар ин давлатҳо моликияти зеҳнӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Метавон гуфт, ки имрӯз ҳуқуқи муаллиф ва нафари офаранда дар дараҷаи аввал меистад.

Тавре Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳаким Розиқзода дар суҳбат иброз намуд, «дар илм мушкилоти поймол шудани ҳуқуқи муаллиф ё асардуздӣ ҷой дорад ва онҳо дар ин самт хеле бархурди ҷиддӣ доранд.  Дар Шӯрои Комиссияи олии аттестатсионӣ барномаи махсуси компютерии зидди асардуздӣ, яъне «антиплагиат» фаъол аст, ки дар сурати  пайдо шудани ҳолатҳои асардуздӣ дар диссертатсия ё рисолаи илмӣ он бекор карда мешавад».

Номбурда иброз намуд, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  моликият, яъне маҳсули ақлу заковати як нафари дигар ҳатман ҳифз ва ҳимоя мегардад. Аммо дар сурате, ки муаллиф  аз ҳуқуқҳои худ бохабар бошад ва онҳоро дифоъ намояд. Агар ихтироъ ё пешниҳоди каси дигарро бо номи худ муаррифӣ намоем,  он гоҳ ин дуздӣ ҳисобида мешавад.

Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд – Комиссия) мақоми ҷумҳуриявии идоракунии давлатӣ буда, бо мақсади аттестатсияи давлатии кормандони илмӣ ва илмию педагогии тахассусии олӣ таъсис дода шудааст.  Комиссия ҳар як асари илм, адабиёт ва санъат­ро, ки маҳсули эҷоди шахс аст, ҳамчун объекти ҳуқуқи муаллиф ҳифз менамояд. Аслӣ будани  асар маънои онро дорад, ки он аз асари дигар кӯчонда нашуда, дар натиҷаи заҳмат ва эҷоди шахсии муаллиф офарида шудааст. Истифода ва паҳн намудани асарҳо бе ризояти муаллиф ва дигар соҳибҳуқуқон истифодаи ғайриқонунии асар мебошад.

Мавриди зикр аст, ки муаллиф ба гирифтани ҳаққи қалам барои ҳар як намуди истифодаи асараш ҳуқуқ дорад. Андоза ва тартиби пардохти ҳаққи қалами муаллиф барои ҳар як навъи истифодаи асар дар шартномаи байни муаллифон муқаррар карда мешавад.

Андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллифон тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои корҳои нигоришӣ–бадеӣ ва аксбардорӣ дар матбуот» аз 4 феврали соли 2002 ва «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои нашри асарҳои илм, адабиёт, санъат ва иҷрои фармоишҳо барои офаридани асарҳои драмавӣ, мусиқӣ, мусиқӣ-драмавӣ ва адабӣ барои иҷрои оммавӣ ё барои ҳуқуқи иҷрои нахустини оммавии асарҳои интишорнаёфта» аз 1 августи соли 2006 ба танзим дароварда шудаанд.

Тавре мегӯянд, барои худшиносӣ китоб зарур аст ва барои шинохти дигарон ҳам китоб муҳимтар менамояд. Халқи бекитоб ба одами нобино монанд аст, ки ҳусни дунёро дарк намекунад. Ҳамчунин халқи аз китоб маҳрум ба инсоне шабоҳат дорад, ки бе оина рӯи худро дида наметавонад.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Апрель 23, 2020 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад