IRS: баландии барф дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба 15 см расид, ҳангоми ҳаракат дар он эҳтиёт бошед!

Апрель 1, 2020 15:02

ДУШАНБЕ, 01.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз субҳи имрӯз дар роҳи мошингарди ДушанбеЧаноқ — аз километри 57 то 84 бориши барф шурӯъ гашта, баландии он  ба 15 сантиметр расидааст. Кормандони «IRS», ки дар ҳама ҳолат омодагии ҷиддӣ доранд, роҳро аз барф тоза карда, бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд. Дар  ин робита  аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки ҳангоми  ҳаракат дар роҳи Душанбе Чаноқ эҳтиёткору дақиқназар бошанд ва дар сурати ба мушкил мувоҷеҳ шудан тавассути шумораи телефони 487011020 бо кормандони ширкат  тамос гиранд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Файзалӣ Ниёз сардори маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.

Айни замон роҳ кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт пурра таъмин аст. Рӯзҳои охир  дар ҷумҳурӣ  бориши шиддатноки  борон ба мушоҳида мерасад, ки  дар натиҷа офатҳои табиӣ ба  вуқӯъ  пайваста,  сабаби расидани хисороти ҷиддӣ ба соҳаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла, роҳҳои мошингард  мегардад.

Дар ин рӯзҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки қисмати зиёди он аз минтақаи кӯҳистон мегузарад, хавфи   фаромадани сангпораҳо, омадани сел, лағжиши тарма ва кӯҳпора вуҷуд дорад. Ду рӯз қабл дар километри 45-уми ин роҳ лағжиши кӯҳпораи азим ба амал омад, ки хушбахтона, талафот надошт. Кормандону техникаҳои пуриқтидори  «IRS» фавран ба макони ҳодиса сафарбар шуда, дар муддати кӯтоҳ ин офати табииро бартараф карданд.

Далери Абдулло изҳор дошт, ки тибқи огоҳии  сохторҳои марбута,  чунин вазъи  номусоиди ҳаво дар қаламрави мамлакат чанд рӯзи дигар боқӣ мемонад. Аз ин рӯ,  давоми ин рӯзҳо дар  роҳи Душанбе – Чаноқ  хавфи омадани сел ва лағжиши кӯҳпора  зиёд аст. Кормандони  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҷиҳати  ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаҳои селшустаи роҳ, соҳилбандӣ ва дигар корҳои вобаста  ба ин раванд тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Филиали Ширкат баҳри нигоҳдории роҳ қувваи кофӣ дошта, пойгоҳи техникиаш аз 210 техникаву механизм иборат аст.

Апрель 1, 2020 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд