Китоби нави профессор Равшан Раҳмонӣ таҳти унвони «Гуфторе чанд аз эроншиносӣ дар Шведсия» ба нашр расид

Апрель 23, 2020 16:39

ДУШАНБЕ, 23.04.2020. /АМИТ  «Ховар»/. Чанде қабл китоби нави профессор Равшан Раҳмонӣ зери назари академикҳо Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Муҳаммадюсуф Имомзода таҳти унвони «Гуфторе чанд аз эроншиносӣ дар Шведсия» ба нашр расид. Китоби мазкур барои доираи васеи донишҷӯён, магисторон, унвонҷӯён, докторантон ва муҳаққиқони соҳа пешбинӣ шуда, дастури пурмуҳтавоест барои ин қишри ҷомеаи мутамаддин.

Дар зер нигоштаи устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Қарор НУРҚАЕВро оид ба мазмуну муҳтавои китоби мазкур манзури хонандагон мегардонем.

— Муаллиф дар «Пешсухан»-и китоб чунин ёдовар шудааст: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои худ бо зиёиён ёдовар мешаванд, ки олимон бояд забон, таърих, фарҳанг, ҳунар, расму оини миллиамонро амиқтар биомӯзанд, асарҳо таълиф намоянд ва дастовардҳои онро дар арсаи ҷаҳонӣ шинос созанд, ки ба ин васила аз фарҳанги мардуми мо оламиён то ҳадди имкон огоҳ шаванд».

Воқеан, дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон олимон, аспирантон, докторантҳо, донишҷӯёни илмҳои гуногун ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон сафар карда, фарҳанги миллии моро ба ҷаҳониён шинос менамоянд ва дар айни замон дидаҳо, мушоҳидаҳо ва хондаҳои худро ба мардуми шарифи Тоҷикистон ҳикоят мекунанд. Китоби нави Равшан Раҳмонӣ ба ҳамин масъала бахшида шуда, роҷеъ ба сафарҳои ӯ аз кишвари Шведсия нақл мекунад.

Ба гуфти Раҳмонӣ, барои иштирок намудан «дар ҳамоишҳои кишварҳои аврупоӣ як сол ва гоҳе аз он ҳам бештар омодагӣ сурат мегирад, бораи иштирок дар ҳамоиши илмии кишварҳои хориҷӣ як ё ду сол пеш аз тариқи интернет эълон пахш мешавад. Баргузоркунандагон кӯшиш менамоянд, ки ба донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ хабар диҳанд; шарту шароити ҳамоишро бигӯянд. Агар пажӯҳанда мувофиқи тақозои ҳамон ҳамоиш фишурда ё мақолаашро ирсол намояд ва матни он пазируфта шавад, он гоҳ аз тариқи номанависӣ шарту шароити он гуфта мешавад. Маъмулан дар ҳамоишҳо на ҳар мақоларо мепазиранд. Тибқи муқаррарот бояд мавзӯи мақола тоза бошад, фишурдаи он ба забони англисӣ ирсол шавад ва ғайра».

Дар идомаи суханони Р.Раҳмонӣ ишорат мешавад, ки «донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ талош менамоянд, ки омӯзгор ё пажӯҳандааш ба ҳамоише иштирок намояд; аз ин тариқ ҷаҳонбинии илмӣ ва савияи пажӯҳиши худро боло барад… Ҳатто он пажӯҳандае, ки дар ҳамоишҳо ширкат варзидааст, харҷи сафараш аз ҷониби донишгоҳ пурра пардохт мегардад, ҳамчунин барои таблиғи дастовардҳои илмии кишвараш аз ҷиҳати моддӣ қадршиносӣ мешавад».

Муаллиф роҷеъ ба таърихи эроншиносии кишвари Шведсия сухан ронда, ёдовар мешавад, ки «донишмандон ба мисли профессор Ҳенрик Самуел Нюберг (Henrik Samuel Nyberg, 1889-1974), Оскар Стиг Викандер (Oscar Stig Wikander 1908-1983), профессор Бу Утас (Bo Utas, с.т.1938), профессор Карина Ҷаҳонӣ (с.т. 1959) масъалаҳои тадрис ва пажӯҳиши эроншиносиро идома медиҳад».

Профессор Р.Раҳмонӣ солҳои 2008, 2011, 2014, 2018 дар Шведсия дар ҳамоишҳои гуногун ширкат доштааст. Ӯ моҳи июни 2018 дар конфронси байналмилалии «Oral Narration in Iranian Culture» («Нақлҳои шифоҳӣ дар фарҳанги мардуми эронитабор») иштирок намуда, дар бораи оинҳои мардумӣ, шинохти адабиёти гуфторӣ дар давраи Истиқлол, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон- “Пайванд” ва дарсҳои фолклоршиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сухан гуфтааст. Мувофиқи маълумоти Раҳмонӣ, эроншиносони Донишгоҳи Уппасла ҳамеша ба забон, фолклор, фарҳанг ва адабиёти имрӯзи тоҷикон таваҷҷуҳ доштаанд.

Муаллиф ба таври мухтасар оид ба гузаштаи робитаҳо сухан гуфта, зимнан роҷеъ ба яке ховаршиносони маъруфи ҷаҳонӣ Ҳенрик Самуэл Нюберг (Henrik Samuel Nyberg, 1889-19974) иттилоъ медиҳад. Аз гуфтаи муаллиф пайдост, ки профессори Донишгоҳи Упсала Ҳ.С.Нюберг бо 28 забон гап мезадааст ва боз чандин забонҳои қадимиро медонистааст. Ин донишманди беназир роҷеъ ба тамаддуни арабҳо, яҳудиҳо, аврупоиҳо, бахусус, гурӯҳи забонҳои эронӣ мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ таълиф намудааст. Аз ҷумла, ба пажӯҳиши фарҳанги мардумии замони бостони эронитабор машғул шуда, ба шогирдон аз Авесто, забони паҳлавӣ, дин ва фарҳанги Эрони бостон, оини зардуштия дарс мегуфтааст. Яке аз китобҳои мондагори ӯ- ин «Фарҳанги паҳлавик» («Frahang ī Pahlavīg») мебошад, ки пас аз вафоти эшон соли 1988 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоб  сарчашмаи муҳимест барои омӯхтани забони паҳлавӣ ва дигар забонҳои гурӯҳи эронӣ.

Бахши дигари китоб «Гуфтугӯ бо профессор Карина Ҷаҳонӣ» ном дошта, он роҷеъ ба зиндагӣ, фаъолияти корӣ, осори илмии эшон аз тариқи пурсишу посух маълумот медиҳад. Мувофиқи гуфтаҳои Карина Ҷаҳонӣ, ӯ идомадиҳандаи кори устодони худ буда, ба ҳамаи забонҳои гурӯҳи эронӣ, аз ҷумла тадрис ва таҳқиқи забони тоҷикӣ ва забонҳои помирӣ низ сарукор доштааст. Хеле хуб аст, ки Р.Раҳмонӣ аз тариқи гуфтугӯ лаҳзаҳои ҷолиби К.Ҷаҳониро барои хонандагони тоҷик нишон медиҳад. Хонандаи тоҷик зимни ин мусоҳиба метавонад аз ҷараёни таълими гурӯҳи забонҳои эронӣ,  ҳамреша будани забонҳо ва таҳқиқоти олимони Донишгоҳи Уппасла ошно шавад.

«Пурсишу посух дар бораи адабиёти гуфторӣ» унвони бахши дигари китоб аст. Дар ин бахш аз тариқи гуфтугӯ роҷеъ ба забон, адабиёт, фолклор, фарҳанг, таърихи тоҷикон бо қавмҳои дигари эронӣ сухан меравад. Ҳамзамон дар ин қисмат баҳсҳои ҷолибе роҷеъ ба вижагиҳои мавзӯиву сохтории дубайтиву рубоиҳо, афсонаҳо, афсонашиносии ҷаҳон, аҳаммияти афсона дар зиндагии мардум, варианнокии афсонаҳо дар ҷаҳон, макатабҳои фолклоршиносӣ, равиши сохторшиносӣ, адибони имрӯзи Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, «Ёддоштҳо»-и Айнӣ, «Шоҳнома дар байни тоҷикон» сурат гирифтаанд.

Дар бахши баъдии китоб «Конфронси «Шоҳнома» дар Шведсия» (ҳамоишҳои соли 2011 дар Шведсия) баҳсҳо дар атрофи наққолии «Шоҳнома» ҷарён мегирад.

Мусоҳибаи муаллиф бо яке аз адибони номдори эронӣ зери унвони «Гуфтугӯ бо Дарюши Коргар» (1953-2012) қисмати дигари китоби Р.Раҳмонист. Хонанда аз суҳбати онҳо оид ба фаъолияти як тан адиб ва пажӯҳандаи осори замони бостон шинос мешавад. Коргар нависандаи маъруф ва муаллифи китобҳои «Тардид дар се феъл» (Теҳрон, 1976), «Тирандоз» (Теҳрон, 1978), «Хаста, аммо роҳрав» (Теҳрон, 1979), «Инак, ватан таъбидгоҳ» (Теҳрон, 1980), «Овози нон» (Стокголм, 1989), «Поёни як умр» (Уппсала, 1994), «Арӯси дарёӣ» (Уппсала, 1996), «Боғ, боғ, боғи мо» (Уппсала, 1998), «Сангсор» (Уппсала, 1998), «Достони як умр, китобшиносии Ҳушанги Гулшерӣ» (Париж, 2000), «Туйи ин кофии шулуғ» (2002), «Бози сапед дар оташкадаи гумшудаи Ҷомосп» (Уппсала, 2009), «Ардовирофнома» (Уппсала, 2009), «Феҳристи бист сол 1365-1385: «Чашмандоз» (Париж, 2013) мебошад.

Соли 2014 профессор Раҳмонӣ дар яке аз хамоишҳое бахшида ба «Шоҳнома» ширкат доштааст. Ӯ бардошти хешро аз ҷараёни ин ҳамоиш ва  сухарониҳои пажӯҳандагони кишварҳои хориҷӣ, ки дар атрофи асари безаволи  «Шоҳнома» сурат гирифтаанд, дар мақолаи «Шоҳномахонӣ дар Шведсия» баён мекунад. Мувофиқ ба гуфтаи муаллиф, дар ин ҳамоиш порчаҳо аз «Шоҳнома»-ро бо гӯиши тоҷикии Тоҷикистон, дарии Афғонистон, форсии Эрон хондаанд. Зимнан Раҳмонӣ дар суҳбату суханрониҳои хеш ба иштирокдорони ҳамоиш аз шоирони муосири тоҷик Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухор, Фарзона ва дигарон, ки дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» шеърҳо гуфтаанд, маълумот додааст.

Бахши баъдии китоб ба мавзӯи «Нақлҳои шифоҳӣ дар Шведсия» иртибот дорад. 7-9 июни соли 2018 ҳамоиши байналмилалӣ дар Донишгоҳи Уппсалаи кишвари Шведсия зери унвони «Oral Narration in Iranian Culture» («Нақлҳои шифоҳӣ дар фарҳанги мардуми эронитабор») баргузор гардидааст. Дар ин ҳамоиш беш аз 20 суханронӣ аз кишварҳои Шведсия, Тоҷикистон, Америка, Эрон, Исроил, Италия, Франсия, Нидерландия, Австрия, Чехия, Арманистон, Япония мавриди баҳсу мунозираи донишмандон қарор гирифтаанд. Дар конфронси байналмилалии мазкур мавзӯъҳои гуногуни адабиёти шифоҳии мардуми эронитабор, яъне тоҷикону форсизабонону даризабонон; ҳамтаборон: балуҷҳо, курдҳо, паштунҳо, осетинҳо; таъсири мутақобилаи адабиёти гуфтории эронитаборон ба миллатҳои дигар, аз ҷумла арманиҳо ва дигарон, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Муаллифи китоби мавриди назар, профессор Раҳмонӣ дар ҳамоиши мазкур роҷеъ ба  мавзӯи «Пажӯҳиши адабиёти гуфтории тоҷикон дар давраи Истиқлоли Тоҷикистон» ва ҳамчунин эҳёи ҷашнҳои миллӣ – Наврӯз, Меҳргон, Сада роҷеъ ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, пасон беш аз 30 ҷилд китобу маҷаллаҳо ба адабу фарҳанги тоҷикӣ иртиботдоштаро ба Донишгоҳи Уппсала тақдим намудааст.

Дар ин ҳамоиш профессор Бу Утас ишорат бар он менамояд, ки дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон будааст, аз ин рӯ бо забон ва фарҳанги тоҷикон хуб ошност. Ҳамзамон дар ҳамоиши мазкур муҳаққиқон, ба гунаи Бу Утас (Шведсия), Юлия Рубанович (Исроил), Кристина ван ден Вал Анонби (Нидерландия), Елеанур Когҳил (Шведсия), Марям Нурзай (афғонистонӣ, ҳоло дар Шведсия), Мусо Маҳмудзай (Шведсия), Ярослава Обртелова (Чехия), Соро Билолӣ (Италия), Карина Ҷахонӣ (Шведсия), Маргарет Миллс (Амрико), Собир Бадалхон (Италия), Ҷонӣ Чеунг (Фронса), Агнес Гроунд (Австриа), Торк Далалиён (Арманистон), Ҳусейн Софӣ (Эрон), Равшан Раҳмонӣ (Тоҷикистон), Ерика Фриедл (Амрико), Гутӣ Шукрӣ (Шведсия), Кумико Йамамото (Япония), Шамс Бернард ва Филипп Ҳаттат (Нидерландия) ибрози андеша кардаанд.

Пайдост, ки Раҳмонӣ вақтро самаранок истифода намудааст. Мавсуф дар  раванди ҳамоиш бо донишмандони кишварҳои гуногун мусоҳибаҳои ҷолибе доштааст. Яке аз онҳо зери унвони «Гуфтугӯ бо профессор Бу Утас» (с.т.1938) дар китоб ҷой дорад. Аз гуфтугӯи Раҳмонӣ бо профессор Бу Утас маълум мешавад, ки эшон роҷеъ ба адабиёти классикӣ ва муосири Эрон осори зиёде таълиф ва намунаҳои онҳоро ба шведӣ тарҷума кардааст. Ӯ донандаи забонҳои зиёд буда, ба Тоҷикистон ва шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Москва, Ленинград сафар кардааст. Зимни сафар ба Тоҷикистон дар хонаи профессор Алберт Хромов зиндагӣ кардааст. Мувофиқи гуфти Бу Утас, соли 1929 Ҳаннес Шкӯлд (Hannes Sköld (Skoeld) пас аз сафар ба Помир сафарномае ба забони шведӣ навиштааст, вале то имрӯз чоп нашудааст. Ҳоло мехоҳад бо яке аз шогирдонаш ин асарро ба нашр расонад, то мардум бо он ошно шаванд.

«Гуфтугӣ бо Ярослава – пажӯҳандаи забон ва фолклори вахонӣ» бахши охири китоб аст. Аз гуфтугӯи муаллиф бо ин пажӯҳанда  пайдост, ки Ярослава забони тоҷикиро дар ДМТ омӯхта, ҳоло ба пажӯҳиш забони вахонӣ машғул аст. Ярослава Обртелова (аз Чехия) чанд сол боз ба пажҳӯиши яке аз забонҳои кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон – забони вахонӣ ва матнҳои гуфтории он сарукор дорад. Рисолаи магистриаш таҳти унвони «Сохтори нақлӣ дар жанрҳои шифоҳии забони вахонӣ» (2017) ба забони англисӣ, дар Донишгоҳи Уппсала чоп шудааст. Рисолаи доктории (PhD) хонум Ярослава Обртелова оид ба забони вахонӣ ихтисос дошта, дар арафаи анҷомёбист.

Дар охирсухан Раҳмонӣ ёдовар мешавад, ки «гирдоварӣ, нашр ва баррасии забон ва адабиёти гуфторӣ ва дигар суннатҳои мардуми Бадахшони Тоҷикистон ҳамеша таваҷҷуҳи пажӯҳандагони ватанӣ ва хориҷиро ҷалб менамояд». Тибқи иттилои Раҳмонӣ, соли 2015 китобе бо номи “Вух диёр ганҷ” (Ганҷи Вахонзамин) нашр шуда, ки он намунаҳои осори фарҳанги мардумро дар бар мегирад. Соли 2016 пай дар пай якчанд маҷмӯа аз намунаҳои мероси фолклори вахониён мунташир шудаанд. Аз ҷумла, намунаҳои зарбулмасалу мақолҳои вахонӣ барои хурдсолон бо номи “Мэталиш” (маталлҳо, мақолҳо), намунаҳои чистонҳои вахонӣ барои хурдсолон бо номи “Чистониш” (чистонҳо), “Хиквор жиндаиш” (Афсонаҳо ба забони вахонӣ), “Хиквор нақлиш завер” (ҳикояҳо барои хурдсолон ба забони вахонӣ) нашр гардид.

Хулоса, китоби нави Раҳмонӣ иттилои зиёди илмӣ, оммавӣ ва лаҳзаҳои ҷолиби хонданӣ аз сафарҳои ӯ дар кишвари Шведсия мебошад. Мувофиқ ба гуфти муаллиф, «бо ташаббуси Донишгоҳи Уппсала ва дигар ниҳодҳои эроншиносии кишвари Шведсияи забон, адабиёт, фолклор, расму оин, ҳунарҳои мардумии тоҷикон ва Тоҷикистон низ сол то сол мавриди омӯзиш ва пажӯҳиши эроншиносони кишвари Шведсия қарор гирифта истодааст».

Апрель 23, 2020 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегарданд
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус