МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ба хотири сармо назадани гули дарахтон боғдорон бояд дар гирди онҳо дуд ташкил намоянд

Апрель 9, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 8 апрел ва субҳи 9 апрел дар шаҳри Душанбе, водиҳои вилояти Хатлон, ба истиснои ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд  борони башиддат борида, ба барфи тар мубаддал гардид. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бинобар вазъи номусоиди обу ҳавои имрӯза  ба сохторҳои дахлдори кишоварзии ҷумҳурӣ тавсия дода шуд, ки тайёрии пешакиро оид ба рафъи ин зуҳуроти номатлуби табиӣ сари вақт роҳандозӣ намоянд, то ба хоҷагии халқи мамлакат зиёни зиёд нарасад.

Тавре дар суҳбат бо мо ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷамол Саидзода иброз намуд, рӯзҳои охир ҳаво тағйир ёфта, дар  пайи боронҳои пай дар пай дар ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои шимолӣ ва ҷанубӣ, инчунин шаҳри Душанбе барф борид.

Мавсуф зикр намуд, ки фоидаи барф барои соҳаи кишоварзии мамлакат зиёд аст, яъне оби барф нисбат ба обрасонии маъмулӣ чор маротиба таъсири зиёдтар дорад. Махсусан он барои маҳсулоти зироатӣ, ғалладонагӣ ва пахта фоидаи бештар дорад, зеро миқдори зиёди намиро дар замин нигоҳ медорад.

«Аммо боридани барф барои доманакӯҳҳо ва соҳаи боғдории мамлакат таъсири манфӣ дорад, яъне гули дарахтонро сармо мезанад. Ба хотири бартараф намудани вазъият боғдорон бояд корҳои пешгирикунандаро ба анҷом расонанд. Яъне дар гирди дарахтон дуд ташкил намоянд, то ҳарорати гирди дарахтро гарм нигоҳ доранд. Чунки  дар ҳолати иҷро намудани ин амал оби даруни гули дарахтон ях намекунад. Агар оби гулҳо ях кунад, ҳосили дарахт нобуд мегардад»,-  афзуд Саидҷамол Саидзода.

Дар баробари таъсири манфӣ гузоштани барф ба соҳаи боғдорӣ, он фоида низ дорад. Агар боғдорони мамлакат барфҳои гирди дарахтонро дар зери он ҷамъ намоянд, дар ин ҳолат намии решаи дарахт бештар гардида,  хуб инкишоф меёбад.

Тибқи пешгӯи ҳавошиносон, шаби 9  ба 10 апрел, яъне баъд аз қатъ шудани бориш софшавӣ ва пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, то -2 дараҷа хунукӣ аз эҳтимол дур нест. 10 апрел рӯзона дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳарорат баланд мегардад.

Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода зикр намуд, ки дар робита ба пешгӯии ҳавошиносони мамлакат Вазорати кишоварзӣ  барои пешгирӣ аз ин вазъият тамоми тадбирҳоро ба анҷом расонид. Дар баробари дигар соҳаҳои кишоварзӣ ба  чорводорӣ низ аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.

Имрӯз чорводорон молҳоро дар фермаҳои мамлакат нигоҳ медоранд. Инчунин ҳамаи хоҷагиҳои чорводорӣ бо захираи хӯроки чорво таъмин мебошанд. Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ барои рафъи ҳолатҳои душвор дар давраи номусоидии вазъи ҳаво омода буда, хӯроки зарурии чорво захира намудааст.

Апрель 9, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд
Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,9% таъмин гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Дар Вашингтон машварати мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ доир гардид
Гумрукчиён дар вилояти Суғд қочоқи 2,7 тонна маводи дорувориро пешгирӣ намуданд
Ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Бонки сармоягузории Аврупо ҷалби сармоя барои бунёди иншооти гидроэнергетикиро баррасӣ намуд