Ноҳияи Панҷ: Соҳибкор Саймурод Давлатов дар 65 гектар боғи бодом, шафтолу ва писта бунёд намудааст

Апрель 13, 2020 09:27

ДУШАНБЕ, 13.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун бо ибтикори соҳибкор Саймурод Давлатов дар 65 гектар замине, ки солиёни зиёд бекор хобида будбоғи нави бодом, шафтолу ва писта бунёд гардид. Дар ин мавзеъ 13 ҳазор бех пистаи пайвандии аз Туркия овардашуда ва 300 бех зайтун шинонида шудааст. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, аз ҷониби соҳибкор дар ин мавзеи беоб аз масофаи 4,5 километр об оварда шуда, ниҳолони писта бо усули обёрии қатрагӣ парвариш карда мешаванд. Ба қавли мутахассисон, пистаи мазкур пас аз 4 сол ба ҳосил даромада, то ҳосилдеҳ шудани он дар замини байни ниҳолон тарбуз ва нахӯд кишт карда мешавад.

Зикр гардид, ки имсол дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон 3721 гектар пиёз, зиёда аз 2000 гектар полезӣ, 300 гектар картошка кишт гардидааст. Деҳқонон айни ҳол ба ҷамъоварии ҳосил машғул буда, аллакай ба содироти маҳсулоташон ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ оғоз намуданд.

Ноҳияи Ҷайҳун дар вилояти Хатлон ягона ноҳияест, ки сокинони он бештар ба кишти пиёз, сабзӣ ва лимӯпарварӣ машғул мебошанд. Имсол дар ноҳия 16 ҳазор гектарро майдони умумии кишти зироат ташкил медиҳад. Инчунин аз 100 гектар кишти такрории мавсими гузашта захираи сабзӣ мавҷуд буда, дар сурати пайдо шудани талабот фурӯхта мешавад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни боздид аз ноҳия бо фаъолияти ин ва чанд хоҷагии пиёзкор шинос шуд.

Хамчунин Қурбон Ҳакимзода аз майдони кишти маъсар дидан намуд. Масоҳати умумии майдони кишти ин навъи маҳсулот дар ноҳия 315 гектарро ташкил дода, ҳосилаш аввали тобистон ғундошта хоҳад шуд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни сафари худ аз ноҳияҳои Ҷалолидддин Балхӣ, Дӯстӣ ва Панҷ дидан намуда, ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои минбаъдаи соҳибкорону кишоварзон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Апрель 13, 2020 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони зиёда аз 5 ҳазор гектар кишти чигит мегузаронанд
Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад