Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо миёни мардон муайян гардиданд

Апрель 13, 2020 13:10

 ДУШАНБЕ, 13.04.2020. /АМИТ «Ховар»/.  11-12  апрел дар толори Маркази омодагии дастаҳои мунтахаб дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо миёни мардон баргузор шуд.  Дар 5 вазн варзишгарони дастаи дуюми пойтахт, дар 2 вазн намояндагони вилояти Суғд, дар яквазнӣ варзишгарони Хатлон-2 ва ВМКБ ғолиб омаданд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар мусобиқаи мазкур 165 нафар варзишгарон дар ҳайати 7 даста- дудастаӣ аз Душанбеву Хатлон, дастаҳои Суғд, ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи марказ иштирок карданд. Қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии самбо аз рӯи 9 категорияи вазнӣ сурат гирифтанд.

Ба авҷ гирифтани бемории ҳамагири COVID-19 дар ҷаҳон нигоҳ накарда, мусобиқаҳои варзишӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи нақша идома доранд.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо миёни мардон-2020

Вазни -52кг
1. Сомон Сангов (Душанбе-2)
2. Талабшо Мунавваров (Душанбе-2)
3. Ҳукуматалӣ Сафарбеков (Душанбе-2)
3. Эҳсомиддин Исматов (Душанбе-2)

Вазни -57кг
1. Акмалиддин Каримов (Душанбе-2)
2. Ҷомии Ҳасан (Душанбе-2)
3. Мақсуд Куканшоев (ВМКБ)
3. Аминҷон Холов (Хатлон-2)

Вазни -62кг
1. Сорбон Латифов (Хатлон-2)
2. Меҳрзод Суфиев (Суғд)
3. Худойбахш Сулаймонов (ВМКБ)
3. Боқӣ Валимуҳаммад (Суғд)

Вазни -68кг
1. Муҳаммадисо Раҷабов (Душанбе-2)
2. Сорбон Сулаймонов (Душанбе-1)
3. Фирӯз Муъминов (Душанбе-2)
3. Зафар Алиев (Душанбе-2)

Вазни -74кг
1. Деваштич Убайдӣ (Душанбе-2)
2. Сайриддин Шоев (ШНТМ)
3. Садам Каримов (Суғд)
3. Мирзоҷамил Рамазонов (Душанбе-2)

Вазни -82кг
1. Ҳамроз Раҷабов (Суғд)
2. Хисрав Аламов (ШНТМ)
3. Суруш Каримов (Суғд)
3. Ҳақназар Назаров (ШНТМ)

Вазни -90кг
1. Комроншоҳ Устопириён (Суғд)
2. Зафар Олимшоев (Душанбе-2)
3. Далер Бурунов (ВМКБ)
3. Комрон Карликов (Хатлон-1)

Вазни -100кг
1. Мақсад Бердиев (ВМКБ)
2. Довуд Фатҳуллозода (Душанбе-2)
3. Азимҷон Бегиҷонов (Душанбе-2)
3. Ҷамшед Наимов (Хатлон-1)

Вазни +100кг
1. Хуршед Маҷидов (Душанбе-2)
2. Одилҷон Сафаров (Душанбе-2)
3. Фарёд Шайхов (ВМКБ)
3. Диловари Сабриддин (Душанбе-2)

Апрель 13, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд