Роҳбарони ниҳодҳои тиббӣ-ҳарбии СААД оид ба мубориза бо коронавируси COVID-19 машварат доир намуданд

Апрель 17, 2020 14:07

ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази вокуниш ба буҳрони СААД роҳбарони ниҳодҳои тиббӣ-ҳарбии идораҳои мудофиавии давлатҳои  аъзои СААД оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бо сирояти коронавируси COVID-19 машварати ғайринақшавӣ  доир намуданд. Хабар дар ин бора дар сомонаи СААД ҷойгир карда шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

«Иштирокчиён таваҷҷуҳи хоссаро ба масъалаҳои кор дар низоми карантин ва усулҳои интиқоли беморони вазнин зоҳир намуданд»,- гуфта мешавад дар хабар. Таъкид гардид, ки ба ҷуз ҳифзи саломатии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо ба идораҳои мудофиавӣ  масъулият барои омодабошии ҳарбӣ ва қобилияти  ҷангии қувваҳои мусаллаҳ вогузорӣ гардидааст.

«Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкорӣ дар ин шакл оид ба таҳлили маълумот дар бораи вазъи  паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19   ва мубодилаи фаврии таҷриба байни мутахассисони   идораҳои мудофиавии давлатҳои аъзои СААД  идома ёбанд»,- таъкид шудааст дар сомонаи СААД.

Машварат таҳти роҳбарии  сардори Ситоди муттаҳидаи СААД  генерал- полковник Анатолий Сидоров гузашт.  Дар он  дар низоми  видеоконференсия    сармутахассисони ҳарбӣ дар соҳаи эпидемиология,  бемориҳои сироятшаванда,  анестизиолог– реаниматологҳои идораҳои мудофиавии давлатҳои  аъзои СААД иштирок намуданд.

Апрель 17, 2020 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд