Рустами Эмомалӣ: «Дар тамоми ташкилоту муассисаҳои пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ ва безараргардонӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба роҳ монда шаванд»

Апрель 1, 2020 11:15

ДУШАНБЕ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе  тадбирҳо ҷиҳати  пешгирӣ аз сирояти коронавирус пурзӯр мегарданд.  Бо ин мақсад ҳанӯз  16 марти соли равон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  Комиссияи зиддиэпидемиявии шаҳри Душанбе таъсис дода шуда буд. Раисии ин Комиссия ба уҳдаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, котибии он ба зиммаи сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемеологии шаҳри Душанбе Абдухолиқ Амирзода вогузор гардид. Раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои зертобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аъзои  Комиссияи мазкур   мебошанд.

Раиси шаҳри Душанбе Комиссияи мазкурро вазифадор намудааст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти  таъмини бехатарии  санитарию эпидемиологии аҳолӣ,  пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ   тадбирҳои амалӣ андешида, ҳамчунин дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди пойтахт новобаста аз шакли моликият корҳои фаҳмондадиҳӣ ва  безараргардонӣ  (дезинфексия) ба роҳ монда шаванд.

Рустами Эмомалӣ  таъкид намуд, ки дар пойтахт баҳри тозаю озода нигоҳ доштани шаҳраку маҳаллаҳо, даромадгоҳҳо ва атрофи биноҳои маъмурию истиқоматӣ корҳои иттилоотӣ бурда шаванд ва онҳо бояд зери назорати қатъии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе қарор гиранд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ҳангоми дар таътили баҳорӣ  будани хонандагон дар  тамоми  муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳр корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда,  роҳбарони онҳо муваззаф гардиданд, ки  барои риояи гигиенаи шахсӣ, аз ҷумла тез-тез шустани дастон барои хонандагону кӯдакон дар мактабу кӯдакистонҳо шароит фароҳам оварда шаванд.

“Тамоми марказҳои савдо, бозорҳо ва  дигар маконҳои ҷамъиятӣ низ бо маҳлулҳои безараргардонӣ коркард гардиданд. Ҳамаи  нақлиёти мусофиркашонӣ, аз ҷумла автобусу троллейбуссҳо ва  таксиҳои шаҳри Душанбе ҳар саҳар, пеш аз оғози фаъолият  безарар мегарданд. Партовҳо сари вақт  бароварда ва партовгоҳҳо бо маҳлулҳои безараргардонӣ  тамиз гардонида  мешаванд”,-афзуд манбаъ.

Рустами Эмомалӣ ба масъулин ҳамчунин супориши қатъӣ дод, ки корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ пурзӯр намуда, мутахассисони соҳа тавассути  ВАО ба сокинон ва меҳмонони шаҳр  баҳри пешгирӣ аз сирояти   ин вирус  пайваста тавсияҳои муфид диҳанд.

Раиси шаҳр  сардорони раёсатҳои маориф ва тандурустии шаҳри Душанберо низ баҳри ташкили дурусти кор ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус вазифадор намуданд. Ҳамаи сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақша чорабиниҳои худро таҳия намуда, корҳои безараргардониро аз рӯи он  ба роҳ мондаанд.

 

Апрель 1, 2020 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст