САНОАТИКУНОНӢ ЧӢ МЕДИҲАД? Андешаҳои сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат

Апрель 12, 2020 09:36

ДУШАНБЕ, 12.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз паёмҳои қаблии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, саноатикунонии босуръат ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон гардидааст. Ин чӣ маънӣ дорад? Умуман, саноатикунонӣ чист, аҳамияташ аз чӣ иборат аст  ва ба мардуми кишварамон чӣ медиҳад?  Дар ин бора таваҷҷуҳ кунед ба андешаҳои сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ.

-Азбаски ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати аграрии саноатист, масъалаи саноатикунонии босуръат ё худ индустрикунонии мамлакат масъалаи калидии пешрафти иқтисодии давлат ба шумор меравад. Барои чӣ?

Биёед назар андозем, ки худи ин мафҳум чӣ маънӣ дорад. Индустрикунонӣ (аз калимаи лотинии industria) – ин ҷараёни босуръати аз давраи анъанавии рушд ба давраи нав – индустриалӣ гузаштани иқтисодиёт мебошад. Дар ин давра истеҳсолоти саноатӣ мақоми аввал касб мекунад. Кишварҳои зиёде чунин давраро аз сар гузаронида ва   ба зинаҳои баланди тараққиёт ноил  шудаанд, то ҷое, ки имрӯз  аз онҳо чун кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтатарини олам ном бурда мешавад. Ман  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британия, Ҷопон, Олмон, Чин, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ ва амсоли онҳоро дар назар дорам. Барои мисол, рушди беназири ИМА баъди Таназзули (Депрессияи) бузурги  солҳои 30-юм, «мӯъҷизаи иқтисодӣ»-и Олмон дар солҳои 50-60-уми қарни гузашта,  ба ном «даврони тиллоии Форду Кейс» дар Британияи Кабир  дар солҳои пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон (1945-1970) ва ғайра маҳз ба шарофати индустрикунонӣ ба даст омадааст.   Собиқ ИҶШС низ  давраи индустрикунониро (солҳои 1928-1941) пушти сар намудааст. Ҳарчанд ба анҷоми муваффақонаи он оғози   Ҷанги дуюми ҷаҳон халал расонд, вале, бино ба ақидаи коршиносон, индустрикунонӣ дар ин кишвари  бузург ба яке аз ҳадафҳои  асосии худ расид – дар мамлакат саноати устувор ба вуҷуд омад.

Аз ин лиҳоз,  ба андешаи мо,  барои Тоҷикистон, ки махзани беҳтарину қадимтарин ганҷҳои табиист, саноатикунонии мамлакат, бунёди корхонаҳои мухталифи коркарду истеҳсоли маъданҳои қиматбаҳо паём аз ободиҳову пешрафти иқтисодии Тоҷикистон дорад. Ва эътимод ҳам дорем, ки  таҳти  роҳбарии дурбинонаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ин ҳадафи бисёр ҷиддӣ ва муҳими стратегии мамлакат пайваста ва бобарор амалӣ мегардад.

Бале, дар Паёми навбатӣ (26.12.2019) ва дар Паёмҳои пешин Президенти мамлакат ҷиҳати саноатикунонии босуръати мамлакат вазифагузорӣ намуда буданд. Аҳамияти ин иқдом дар он зоҳир мешавад, ки ба ин васила дар кӯтоҳтарин муддат ватани мо аз давлати аграрӣ- саноатӣ ба саноатӣ- аграрӣ табдил меёбад. Масъалаи саноатикунонии Тоҷикистон дар пасманзари худ масъалаҳои бо ҷои кор таъмин намудани ҷавонон ва аҳолӣ, монеъ гардидан ба таблиғи ақидаҳои ифротӣ ва хурофотӣ, аз байн бардоштани шиддати муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба ин восита таъмини амнияту субот дар мамлакатро дар назар дорад.

Саноатикунонии босуръати мамлакат пайомадҳои зиёди мусбат дорад. Бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори он сабаби бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии мамлакат ва ба даст овардани музди меҳнати кофӣ мешавад, ки ин дар навбати худ сабаби баланд шудани некӯаҳволии шаҳрвандон мегардад.

Саноатикунонӣ инчунин сабаби тағйирот дар таркиби ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ мегардад. Сафи шаҳрвандоне, ки дар корхонаҳои саноатӣ кор мекунанд, меафзояд ва ин тағйироти сифатӣ дар таркиби ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат аст.

Табиист, ки заминаи иҷтимоии давлат аз ҳисоби коргарони саноатӣ мустаҳкамтар мегардад.  Вале таҷрибаи боз ҳам кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки  саноатикунонии босуръат метавонад  пайомади манфӣ низ дошта бошад. Барои мисол, сафи коргарони саноатӣ аз ҳисоби аҳолии деҳот меафзояд, аҳолии зиёде, бахусус ҷавонон барои дарёфти ҷои кор аз деҳот кӯч мебанданд ва ин боиси кам шудани қувваи корӣ дар деҳот мегардад. Яъне, хатари аз қувваи қобили меҳнат маҳрум шудани деҳот ҷой дорад. Дар ин сурат масъалаи оқилона ва бо дарназардошти ҷойгиршавии қувваи корӣ бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад.

Масъалаи ҷойгиркунонии корхонаҳои саноатӣ бо дарназардошти қувваи корӣ ба масъалаи дигари муҳими рушди деҳот пайвастагии мантиқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Инҳо масъалаҳоеанд, ки дар сурати дуруст амалӣ шудан муваффақияти давраи саноатикунониро  таъмин менамоянд.

Барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ҷойгиршавиии манбаи ашёи хом, ташкили инфрасохтор ва таъмин бо қувваи корӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад. Дар ҳар сурат тарафҳои мусбат ва манфии саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи мутахассисон бояд ҳамаҷониба таҳқиқ гардад, то минтақаҳои гуногун нисбатан мутавозин рушд карда тавонанд.

Шояд зимни  амалишавии барномаи саноатикунонии босуръати Тоҷикистон, ба тавре ки таҷрибаи ҷаҳонии саноатикунонӣ нишон медиҳад, паҳлуҳои дигари мусбату манфии раванди саноатикунонӣ рӯшан гарданд. Ва ин таҷрибаи навест дар роҳи пешрафти иқтисодии Тоҷикистон. Вақт довар аст.

Кулли масъалаҳое, ки муҳтавои Паёми Президенти мамлакатро ташкил медиҳанд, чӣ масъалаҳои истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва чӣ масъалаҳои иҷтимоӣ —  ба ҳам алоқаманд буда, дар сурати иҷро нагардидани яке аз онҳо мо ба ҳадафҳои дар Паём нишондодашуда расида наметавонем. Бинед, саноатикунонии босуръати мамлакат аз таъмин будан бо неруи барқ, рушди роҳу нақлиёт, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, маблағгузорӣ, таъминот  бо қувваи корӣ ва бисёр масъалаҳои дигар вобастагӣ дорад. Дар ин ҳолат кадрҳои ба истеҳсолот роҳбарикунандаи дорои маҳорату малакаи зарурӣ, яъне сарварони истеҳсолот аҳамияти хосса пайдо мекунад. Роҳбарии босалоҳият ба самтҳои гуногуни иқтисодиёт самараи хуб медиҳад.

Маълум, ки барои аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шудааст. Таҷрибаи ҷаҳонии саноатикунонӣ дар давлатҳои пешрафтаи олам далели воситаи асосии ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ будани он аст.

Роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бояд доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Эҳтимол меравад, ки аксари корхонаҳое, ки дар раванди саноатикунонӣ сохта мешаванд, бояд корхонаҳои саноати сабук, аз қабили корхонаҳои бофандагию ресандагӣ, коркарди ашёи хоми хоҷагии қишлоқ бошанд. Аз ин рӯ масъалаи бозомӯзии кадрҳои коргарӣ ба миён меояд. Барои ин курсҳои кӯтоҳмудати бозомӯзи ташкил бояд кард.

Саноатикунонӣ сармоягузории дохилию хориҷӣ, маблағгузории зиёдеро талаб дорад. Маблағгузорӣ аз ҷониби абарқудратҳои ҷаҳонӣ на танҳо боиси пешрафт мегардад, балки ҳамзамон дар худ хатарҳои нуҳуфта низ дорад. Саноатикунонӣ бояд ба истиқлолият ва мустақилияти давлат халал ворид насозад.

Дар чаҳорчӯбаи амнияти миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи саноатикунонии босуръати мамлакат аҳамияти нисбатан муҳим пайдо мекунад. Зеро ки миқёси масъалаи саноатикунонӣ, истифодаи дурусти неруи корӣ паҳлуҳои дигари ҳаёти ҷамъиятию иҷтимоии шаҳрвандонро ба ин ё он дараҷа дар бар мегирад. Аз ин рӯ  саноатикунонӣ дар самти беҳдошти сатҳу сифати некӯаҳволии мардум омили асосӣ буда, дар робита ба истиқлолияти давлатӣ нақши муҳимеро дорост.

Бисёр муҳим аст, ки дар ҷараёни раванди саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ва сохтмони корхонаҳои саноатию инфрасохторҳои он ба масъалаи ҳифзи муҳити зист ва нигаҳдошти олами ҳайвоноту набототи мамлакат аҳамияти зарурӣ дода шавад…

Хулласи калом, дар сурати дуруст, бо  назардошти манфиатҳои давлатию миллии кишварамон ва  дар асоси  таҷрибаи пешқадами кишварҳои дигари олам дар ин ё он самти саноатикунонӣ (масалан, таҷрибаи Сингапур ё Амороти Муттаҳидаи Араб  дар фаъолияти босамари минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таҷрибаи Чин дар истифодаи технологияҳои нав ва менеҷмент, таҷрибаи кишваҳои Аврупо, Ҷопон ва ғайра дар истифодаи натоиҷи тадқиқотҳои илмӣ ва ғайра) ин раванд дар ниҳояти кор метавонад Тоҷикистонро ба зинаҳои баланди рушди иқтисодиёт ва накӯаҳволии сокинонаш расонад.

Апрель 12, 2020 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад