«Сарчашмаи саодат» — аксияи намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр дар Суғд

Апрель 17, 2020 10:07

ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф   аксияи намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр таҳти унвони «Сарчашмаи саодат» баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ  «Ховар» аз Маркази иттилоот ва таҳлили КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Дар аксия дар баробари дигар кумитаҳои иҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва 150 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд ширкати фаъолона дошта, ба маблағи 33 ҳазору 712 сомонӣ 1 ҳазору 265  китоб хариданд. Махсусан кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ба номи Бобоҷон Ғафуров, «Сомон», «Осимӣ», «Инқилоб», ташкилотҳои ибтидоии «Амонатбонк»,  Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд, беморхонаи вилоятии Суғд, «Ҷавонӣ», Маркази саратоншиносӣ  дар аксия фаъолнокӣ зоҳир намуданд.

Дар расми ифтитоҳи ҳамоиш дар баробари иштироки Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён, муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, Аҳмадҷони Раҳматзод, инчунин муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ширкат варзид. Барои иштироки фаъолона ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Сипоснома ва ҳамчун нишони қадршиносӣ китобҳои тозанашр аз ҷониби кумиҷроияи вилоятӣ тақдим гардиданд.

Апрель 17, 2020 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид