Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаи Кӯлоб дидан намуд

Апрель 30, 2020 15:02

ДУШАНБЕ, 30.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни як сафари корӣ рӯзҳои 28 ва 29 апрел аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва рафти корҳо дар хоҷагиҳои деҳқонию заминҳои наздиҳавлигии сокинонони шаҳри Кӯлоб дидан намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлилию иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Масъулини Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, ки дар соли 2019 ва аввали соли 2020 бо дастгирии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барои пешгирӣ ва барқарор намудани офатҳои табиӣ дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Кӯлоб, ки оби сойи Тебалай аз ҳудуди он мегузарад, корҳои заминӣ дар ҳаҷми 2140м3 ва тахтасангҳои бетонӣ дар ҳаҷми 72м3 анҷом дода шуданд. Дарозиии сойи Тебалай 23 км-ро ташкил медиҳад.

Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш инчунин аз мавзеи сойи Зиракӣ ва дарёи Ёхсу дидан намуданд. Тибқи маълумоти Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб, дар мавзеи фурудгоҳ корҳои заминӣ дар ҳаҷми 21820м3, тахтасангҳои бетонӣ дар ҳаҷми 405м3 ва дар мавзеи Минтут корҳои заминӣ дар ҳаҷми 2140м3, тахтасангҳои бетонӣ дар ҳаҷми 208м3 ба анҷом расонида шудаанд.

Қоҳир Расулзода ва ҳайати корӣ аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигии сокинонони ҷамоатҳои деҳоти «Зиракӣ» ва «Кӯлоб»-и шаҳри Кӯлоб дидан намуданд.

Зимни боздид Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шаҳрвандоне, ки аз заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода мебаранд, мулоқот намуда, оид ба аҳамияти захираи маводи озуқа, бахусус дар вазъи баамаломадаи имрӯзае, ки дар ҷаҳон ҳамаро ба ташвиш овардааст, таъкид намуд.

Дар бораи тавсияи духтурон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ва истеъмоли маҳсулоти дохилӣ, инчунин афзун намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ тавсияҳои судманд дода шуданд.

Апрель 30, 2020 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони зиёда аз 5 ҳазор гектар кишти чигит мегузаронанд
Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд