Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда дар ноҳияи Данғара шинос гардид

Апрель 7, 2020 16:50

ДУШАНБЕ, 07.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда ва корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар кард. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Зимни сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Данғара аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда  дидан намуданд.

Қоҳир Расулзода аз даромадгоҳи нақби обёрии Данғара, воқеъ дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти «Себистон»-и ноҳияи Данғара боздид намуд. Дар аснои шиносоӣ таъкид карда шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дар ноҳия ҳарчи зудтар бартараф карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Данғара Сарвазири мамлакат аз боғи навбунёди хоҷагии деҳқонии «Хуросон» ва корхонаи мевахушккунӣ дидан намуд.

Тавре ба Қоҳир Расулзода иттилоъ доданд, боғи навбунёд дорои сад ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили гелос, олу, себ, зардолу,  шафтолу ва дигар намуди меваҳо мебошад. Инчунин меҳмонон аз корхонаи мевахушккунӣ, ки сохтмони он дар айни замон ҷараён дорад, дидан намуданд.

Қоҳир Расулзода ва ҳамроҳонаш аз беморхонаи сироятӣ барои 200 кас ва бинои Суди ноҳияи Данғара, ки сохтмонашон  дар ҳоли анҷомёбист, боздид намуданд.

Дар ҷараёни сафари хеш Сарвазири мамлакат аз корхонаи «Фарм Текс»-и ноҳияи Данғара дидан намуд. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли маводи басту банди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 13  номгӯй маҳсулот истеҳсол мекунад.

Дар ин шабу рӯз корхона  истеҳсоли ниқобҳои босифати аз дока ва пахтаи маҳаллӣ  таҳиягардида  ва маводи  истифодаи гигиенаи шахсиро  ба маротиб афзун  карда,  моҳи марти соли равон  ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз аз 20 то 25 ҳазор ниқоб ва маҳлули безараргардонӣ  истеҳсол намудааст. Айни замон корхона дорухонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тиббии   мамлакатро бо ин маҳсулот таъмин  менамояд.

Корхонаи «Фарм Текс»  дар як шабонарӯз имконият дорад 2 ҳазор килограмм пахтаро коркард карда, дар доираи стандартҳои ҷорӣ дар навбати аввал пахтаи гигроскопии сафедкардашуда омода намуда, сипас пахтаи тиббӣ, пахтаи стоматологӣ дар шакли тампон, салфеткаҳои пахтагиву докагӣ, пахта ва навъҳои гуногуни бинти тиббии тамизшуда ва лейкопластир истеҳсол намояд.

Мавриди зикр аст, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода роҳбарии гурӯҳи кории ҳукуматӣ доир ба бунёди иншоот  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба уҳда дорад.

Апрель 7, 2020 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад