Суғд: Барои иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 740 000 сомонӣ кумакпулии яквақта ҷудо гардид

Апрель 29, 2020 14:04

ДУШАНБЕ, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 75-солагии Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳамчунин ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд, бо қарори  Раиси вилояти Суғд 740 000 сомонӣ кумакпулии яквақта ҷудо гардидаст.

Тавре корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз ин маблағ 192 000 сомонӣ ба 46 нафар иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва 2 нафар ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ва 546 000 сомонӣ ба 273 нафар шахсони дар ақибгоҳ фаъолият кардаву дорандагони медалҳо тақдим мегарданд.

Тибқи ин қарор,  ба ҳар як иштирокчии маъюби Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба миқдори 4000 сомонӣ кумакпулии яквақта дода мешавад.

Ҳамчунин ба шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ бо яке аз медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои Ғалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардидаанд, ба миқдори 2000 сомонӣ кумакпулӣ супорида мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Истаравшан- 4 нафар, Ашт- 9 нафар, Бобоҷон Ғафуров- 5 нафар, Бӯстон- 1 нафар, Деваштич- 6 нафар, Исфара- 4 нафар, Конибодом- 3 нафар, Кӯҳистони Мастчоҳ- 1 нафар, Мастчоҳ- 2 нафар, Панҷакент- 2 нафар, Спитамен- 2 нафар, Ҷаббор Расулов- 5 нафар ва Шаҳристон- 2 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд.

Апрель 29, 2020 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад