«ТАНҲО ИЛМ ҚУДРАТИ РЕШАКАН КАРДАНИ ХУРОФОТРО ДОРАД». Андешаҳои нависанда Садриддин Ҳасанзода

Апрель 14, 2020 11:38

ДУШАНБЕ, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар сомонаи АМИТ «Ховар» 31 январи соли равон мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат» ба чоп расидааст. Дар арафаи Рӯзи илми тоҷик сармуҳаррири маҷаллаи «Душанбе», нависанда Садриддин ҲАСАНЗОДА андешаҳояшро дар бораи ин мақола ба АМИТ «Ховар» чунин иброз намуд.

-Дар мақолаи С. Ятимов «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат» зикр гардидааст, ки ҳар фарде, ки аз таърихи шашҳазорсолаи миллати хеш воқиф мегардаду собиқаро бо фарҳанги бегонагон дар муқоиса гузошта метавонад, дунёро ба чашми хирад менигарад, аз ҷоҳилият, хурофоту таассуб ва ватансўзӣ ба канор меравад.

Дуруст аст, ки барои  чунин донистанҳо маъхазҳои илмӣ, далелҳои муътамад ва ҳақиқати санҷидашуда зарур аст. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат ба сифати чунин сарчашма асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро пешниҳод намуданд.

Беҳуда намегўянд, ки «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад».  Илм омўхтан маънои заҳмат кишидан ва ҳаққи худро аз табиат ситонидан аст.  Яъне айни замон ба таври муносиб мувофиқ омадани ҷаҳонбинӣ, маданияти сиёсӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ талаботи ҳатмӣ аз хурду бузурги мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар Паём омадааст: «Қудрати халқ дар сифат, сохтор, мундариҷаи шуурнокӣ ва ҷаҳонбинии ўст. Ниҳоят зарур аст, ки миллат дар ҳар як шикаст гуноҳи худро эътироф кунад. То дар замони осудагӣ ва шукуфоӣ, ки  хушбахтона, хоси вазъи имрўзаи Ватани мост, дар ғафлат намонад. Аз рўзҳои фоҷиавӣ андеша кунад. Собитқадамона хатоҳоро ислоҳ намояд. Ба давлат нигоҳ накунад, зеро давлат худи миллат, худи мардум – аз хурд то бузург аст».

Ба андешаи  С. Ятимов ҳамовоз ҳастем, ки шахсияти бузурги таърихӣ, ки ин миллатро аз бадбахтиҳои даҳшатнок раҳонид ва ҳар рўзу соати ҳаёташ барои хушбахтии ҳамин миллат сарф гардид, ба чашми ҳар як нафаре, ки худро марбут ба ҳамин миллат, ба ҳамин сарзамин медонад, рост нигоҳ карда, муроҷиат мекунад: «Мо кӣ будани аҷдоди гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва ба насли ориёӣ, яъне ориётабор будани худ ифтихор кунем» (Аз Паём).

Олим барҳақ ҷавҳари хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро дар илму маърифат ва огоҳ будан мебинад. Ҳар фарди солимфикр бояд тавассути омўзиш аз таърих, ки хотираи инсоният аст, бохабар бошад, аслу насабашро донаду маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд ҳифз намояд, дур шудан аз решаҳову гўшаҳо шахсро ба нобудӣ мебарад, ки ин фоҷиа ба ҳисоб меравад. Дар ин бобат рўзгори Сарвари давлат намунаи ибрат аст. Маҳз бо пешгуфтори  Пешвои миллат  бо унвони «Сарчашмаи худшиносии миллӣ» ба китоби Б. Ғафуров «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав» аз ҷониби нашриёти “Ирфон”, соли 1998 бо чоп расид.

Сиёсатмадор С. Ятимов таъкид менамояд: «Аз бузургтарин андешаҳое, ки дар адабиёти илмиву бадеии миллати тоҷик садо медиҳад, «рўй бар ганҷи фарҳанг» ниҳодан – мутолиаи китоб аст. Дар фаъолияти Пешвои миллат ин масъала (арҷ гузоштан ба илм, маърифат, омўхтани касбу ҳунар, заҳмати аҳли зиё – С. Ҳ.) ҳам ҷанбаи назариявӣ ва ҳам амаливу сиёсиро дар бар мегирад. Асоси таҳаввулоти инсон ва ҷомеаро хондани китоб ва истифодаи мантиқи бузурги он ташкил мекунад.

Дарвоқеъ, китоб дўсти беминнат, рўди сероб, дарахти пурсамар, роҳнаварди худодод асту макони андарзҳои тақдирсоз. Беҳуда нест, ки гузаштагони мо ба омўзиши илму китоб таваҷҷуҳи вижа доштанд. Илму дониш, сухану сухандониро мансуб ба Худованд медонистанд, мегуфтанд, ки он аз арши барин ва барои покон ба замин омадааст. Дер пештоқи Академияи Гунди Шопур дар аҳди Сосониён сабт гашта буд: «Дониш – шамшери бурранда аст». Дар таркиби номи Худованди ориён Аҳура Маздо – «маздо» – вожаи санскрит – дониш аст. Дар дини мубини ислом низ Худовандро чун олими бузург, соҳибиттилоъ аз мавҷуду махлуқи олам ва кайҳон медонанд ва ба ин хотир ба он арҷ мегузоранд. Дар маҷмўъ ҳар каси соҳибиттилоъ тавоно ва муқтадир, манфиатрасону соҳибэҳтиром мебошад. Миллату мардуми аз ҷиҳати маънавӣ, дониш, маърифат ва худшиносӣ то ба дараҷаи якдилӣ, якмаромӣ, яктанӣ расидаро ҳеҷ омили  дохиливу беруна ба итоат дароварда наметавонад, онҳо дар қиболи таҳдидҳо, зўровариҳо, ки аз ҳар макон рух медиҳанд ва ин раванд абадӣ мебошад, истодагарӣ карда метавонанд.

Танҳо мардуми аз фарҳангу сиёсат, таърихи низоъҳои қавмӣ, мазҳабӣ, хурофоту таассуб огоҳ аз омилҳои сар задани ҳаводиси мудҳиши Шарқи Наздикро, ки аз ифротгарию тундравии гурўҳи террористии байналмилалии “ДИИШ” рўйи кор омада, кишварҳои Сурия, Ироқ, Тунис, Яман, Ҷумҳурии Мисри Араб, Либия ва Афғонистонро ба коми оташ кашидаанд ва барои амнияти Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо хатар эҷод мекунанд, дарак ёфта метавонад.

Маҳз чунин ноогоҳии мо буд, ки солҳои 90-уми асри гузашта ифротиёни ҲНИ мамлакати орому осудаи моро ба хоку хун кашиданд, иқтисоду фарҳанг, инкишофи маорифу иҷтимоиёти моро камаш 20 сол  ба қафо партофтанд. Қавииродагӣ, дурандешии Сарвари муҳтарами давлатамон моро аз фоҷиаи миллӣ халос карду ба рўзҳои пурсаодат, фараҳбахшу зиндагии шоиста расонид.

С. Ятимов барҳақ менависад, ки баъди инқилоби Бухоро (1920) душманони сохти нави давлатдорӣ ва ҷонибдорони давлати феодалии ниҳоят заиф ва ақибмонда- амирони манғит – асосгузарони ҳаракати босмачигарӣ дар симои мактаби нав, омўзгорон,  дониш, маърифат ва ақлгароӣ рақибони ҷонии худ ва фошкунандаи асили мақсаду маром ва аъмоли зишти хешро медиданд. Бузургии Пешвои миллат, хиради волои созанда ва ғамхории ў тақдири имрўзу ояндаи миллат мебошад, ки мактаб, донишгоҳ, муассисаҳои илмиро пояи ососии давлатдории миллӣ эълон намудааст:

Яъне дунявият, ки яке аз рукнҳои муҳими давлатдорист, ҳеҷ гоҳ муқобили дин нест, баръакс дар сохтори ҷамъиятии демократӣ, дунявӣ имкони мубориза ба муқобили  хурофоту таассуби сиёсиву динӣ, маҳаллӣ пайдо гардид, забону фарҳанги миллӣ соҳиби пояҳои устувор гашта, тибқи қонун дифоъ мегардад. Зинда мондани забони миллӣ, фарҳанг – ҷавҳари ҳастии миллат аз талабот ва рукни муҳими дунявият аст. Маҳз дунявият, сохтори демократӣ сабаби ривоҷи соҳибкорӣ, некуаҳволии шаҳрвандони мо, таҳсили онҳо дар хориҷа, иҷрои озодонаи намозу рўза — маносики  ҳаҷ ва фаъолияти густурдаи масҷиду мадрасаҳо, чопи асарҳои динӣ, чопи “Қуръон” бо теъдоди зиёд гардид. Сарвари давлат саҳлангориро нисбат ба омўзиши илму маърифат бемасъулиятӣ ва фоҷиабор маънидод карданд. “Тибқи таҳлилҳо, вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷўён ва омўзгорони онҳо мебошад”,- омадааст дар Паём.

Дар Паём дар баробари бунёди китобхонаҳо дар деҳот ва ҷалби мардум ба китобхонӣ ба азхудкунии илмҳои бунёдӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гаштааст. Дар навиштаҳои  С. Ятимов ба вижа таъкид шудааст, ки “номи Абуалӣ ибни Сино (Авитсенна) – зодаи Бухоро, ба таърихи маданияти дунё ворид шудааст. Ин ғайричашмдошт нест. Ў дар қатори бузургтарин олимон – энсиклопедистони асримиёнагӣ эътироф гаштааст. Мероси илмии ў бениҳоят васеъ буда, самтҳои гуногунро дар бар мегирад: фалсафа, тиб, риёзӣ, ситорашиносӣ, ботаника, кўҳшиносӣ, забоншиносӣ, назмшиносӣ ва мусиқиро”. Албатта, дар ин росто аз заҳматҳои илмии Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Аҳмади Дониш ва даҳҳо дигар нобиғаҳои илмҳои дақиқ ёдовар шудан мумкин аст. Онҳо илмҳои мазкурро ба пояи баланд расониданд.

Танҳо ба василаи рушди донишҳои техникӣ имконияти истифодаи захираҳои табиӣ фароҳам меояд. Ба ҳамин хотир, дар Паём омадааст:  «Пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омўзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 – 2040. “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад».

Кулли таассубзадаҳо, хурофотпарастону бегонапарастон нафарони чалласавод, камхонда, аз даҳоншунида ва гӯлу гумроҳанд.

Оре, сарманшаи хурофот нодониву ноқисии донишу маърифати инсон аст. Мардуми нохондаву ноогоҳ зуд ба доми авомфиребоне, чун террористону экстремистону  ҷодугарон ва фолбинон меафтад. Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” дар шарҳи ин вожа омадааст: хурофот – ақида ва фикрҳои пучу  беасос, мавҳумот. Хурофот аст, ки мардумро гирифтори хеш месозаду сабаби паст рафтани сатҳи зиндагӣ мегардад, яъне шахс дунболи чизеро мегирад, ки аз ҷиҳати илмӣ ба исбот нарасидаасту аз доираи аҳкоми дин берун мондааст. Фармудаҳои хурофот ба ақл ва маърифату талаботи мантиқ намеғунҷад.

Дар бобати пайдоиши вожаи хурофот ҳикояи аҷибе омадааст: Тибқи он рўзе Хурофа ном шахсе аз қавми офтобпарасти Банӣ Узрои араб нақл мекунад, ки гўё ўро ҷинҳо гирифта, ба манзили худ бурдаанд. Баъди тамошо боз ўро ба хонааш бармегардонанд ва ў дидаву шунидаҳояшро ба одамон қисса мекунад. Лекин сомеъин ин гуфтаҳоро муҳобот пиндошта, ба далелҳои овардааш бовар намекунанд. Баъди ин мардум ягон қиссаи ба ин монандро мешуниданд, бовар намекарданд ва онро ба қиссаҳои Хурофа монанд карда, “хурофотӣ” мегуфтанд.

Дар “Мунтахаб – ут – таворих” омадааст: “Хурофот асосан аз нодонӣ, маҳдуд будани донишу маърифат ва ҷоҳилии одамоне сар мезанад, ки онҳо ба сухани ҳар гуна авомфиребон, ба  монанди ҷодугарон, фолбинону тилисмшиканон, гўё онҳо илми ғайбро медонанд, бовар мекунанд… Бинобар ин хурофот ба муъҷиза ва тилисм ҳамроҳ аст. Аз ин ҷо хурофот боварӣ ба қувваи фавқулодаи сеҳромезест, ки аз олами тахайюлӣ сарчашма гирифта, бо фарҳанг омехта гардида, тавассути аъзои ҷомеа ҳамчун як амри табиӣ пазируфта шудааст” (Аз «Номаи Донишгоҳ» №(51) 2017).

Заминаи пайдоиши хурофот бидъат, эътиқоду боварҳои содалавҳонаи инсонҳо, пайравии кўркўронаи эшон ба ҳаводиси табиӣ, ақидаву афкори пучу бебунёд мебошад. Муаллиф дар асар аз бобати муборизаҳои хони Хуқанд Олимхон бар зидди хурофот нақлҳои шавқовар овардааст. Ў  нафареро, ки худро сайидзодаву шайхзода мегуфт, ё дар дарахтони азим алам месохту занон мазор пиндошта, латта меовехтанд, шамъ мунаввар месохтанд, бераҳмона муҷозот менамуд, онҳоеро, ки соҳиби хонаву дар буданду сарват доштанд ва боз гадоӣ мекарданд, ба дарбор ҷамъ карда, як уштур медиҳад, то фарбеҳ кунанду ба корхонаи подшоҳ баргардонанд, шайхтарошонро, онҳоеро, ки худро «валӣ» гуфта, каромотфурўшӣ менамуданд ва мусалмононро ба хурофот, ифротгароӣ мебурданд, ҷамъ намуда, имтиҳон мекунад.

Ё бинобар дар хоб дидани падару модари худ забҳ кардани гўсфанд ва нони худоӣ додан расми биёбониҳои хурофотӣ мебошад, арабҳои замони пеш аз исломӣ  хурофотӣ буданду дар ҳама корҳо таъсири ҷину париро медиданд. Ба қавли муҳаққиқ Зафари Мирзоён, онҳо ҳатто мепиндоштанд, ки ҷон аз тани шахси ба хоб рафта метавонад  берун баромада, дигар барнагардад, бинобар ин пойи шахси хобдидаро ба ресмону мех баста, намегузоштанд касе наздаш ояд. Ҳамин гуна ба модари фарзандмурдаи аз таваллуд бозмонда мефармуданд, то пораи хурди гўшти гўши фарзанди  зинда мондаашро бурида бихўрад ва он гўшро сурох карда, гўшвора овезад. Даҳҳо чунин оинҳои аз араб баргирифтаро либоси динӣ пўшонида, то ҳанўз риоя мекунанд.

Мо танҳо тавассути китобхонӣ ва омўзиши илм барои решакан кардани хурофот  комёб мешавем. Дар Паёми солонаашон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бобати таъсиси китобхонаҳо дар муассисаву корхонаҳо, маҳаллаҳои деҳот дастур доданд, ҳамчунин китоби аллома Б. Ғафуров ба ҳар як оила дастрас мегардад, то мардум бихонанду саҳву хатои таърихии хешро ислоҳ намоянд, ба қадри обу хоки диёр бирасанд, соҳибистиқлолии давлатро ҳифз намоянд. Ва албатта, ҳамаи ин корномаҳоро одамони худшинос, Худошинос, меҳанпарасту соҳибимон ба анҷом мерасонанд ва ба ин мартаба тавассути илму дониш, ҷаҳонфаҳмӣ, дурӣ аз хурофоту таассуб мерасем. Яъне то илм наомўзӣ, некӣ натавон кард.

Таъсиси ҲНИ, фаъолияти бебунёд, амалҳои офатбори он далели баръалои хурофотиву ноогоҳ будани мардум аз таърихи миллату дин, ҷонфидоиҳои фарзандони меҳанпараст аст. Вагарна, кӣ дар мамлакати мо барои фаъолияти масҷиду мадраса, намозхониву рўзагирӣ, ба ҳаҷ рафтану додани закот монеъ аст?

Ҳамаи ин аз он шурўъ мегардад, ки мо то кунун хурофотзодаем. Дар асри IX  Фаранаси тоҷик асбоби парвозӣ сохт, мо имрўз ба кашфи эҷоди яҳудиву насронӣ муҳтоҷем, байни ҳам барои печи саллаву дарозии ришу кушодиву тангии гўр ва матои ҷойнамоз дар набардем.

Ба ҷавонон фаҳмонидан лозим аст, ки ислом ҳамчун дин ҳеҷ гоҳ муқобили илм набуд, танҳо ходимони алоҳидаи он монеи рушди илмомўзӣ мегардиданд. Хуршед Зиёӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор менависад: «Ба ҳамон ишора карда, яке аз сарварони собиқи Амрико Б. Обама гуфта буд: “Маҳз ислом (олимони тоҷик дар назар аст) шамъи донишро дар даврони Эҳё ва маърифатпарварӣ ба Аврупо овард. Мо аз онҳо алгебра, компаси магнитӣ ва олоти навигатсионӣ гирифтем, тавассути онҳо тибро аз худ кардем».

Имрўзҳо, ки Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ идома доранд, аҳли ҷамъият, зиёиён, ба вижа хатибони масҷидҳо ба мардум бояд бифаҳмонанд, ки хайр аз кисапуркунию рўдапуркунӣ иборат нест. Шахс барои хушнудии арвоҳ метавонад дастгири ятимон, маъюбон, камбизоатон бошад, раҳу пул, мактабу бунгоҳи тиббӣ, сартарошхонаву ҳаммом, марказҳои забономўзӣ, толорҳои варзишӣ бисозад, то фоидаи амалҳои ҷория дар дафтари аъмолашон сабт гардаду дар рўзи Бозхост рў ба рўи Худованди бузург бо дили пур аз фараҳмандӣ истода бошанд.

Мақсад аз тасвиби қонунҳои ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон” ва дигар азму талоши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки рўҳи миллии мардум бо рўҳи давлатӣ даромезад, зеро мардум барасари  хурофоту таассуби диниву сиёсӣ боздорандаи рушду пешрафту навсозии ҷомеа, сабаби нооромиҳову гирифториҳои ҷомеа мегарданд. Дар ҷое, ки хурофоту таассуби динӣ ба қудрати сиёсӣ ноил гардид, қудрати тафаккури илмӣ рў ба рукуд меораду иқтисод варшикаста мегардад.

Зиёдаравию хурофот динҳои оламшумул, чун зардуштӣ, монӣ, буддоӣ ва насрониро аз байн бурд ё заифу нотавон гардонид. Тақлиду бегонапарастӣ, хурофот, мазҳабгароӣ сабаби аз байн рафтани давлатҳои абарқудрати Ҳахоманишиҳо, Сомониён, Кўшониён, Ҳайтолиён шуд. Хурофот дар аҳди муғҳо – оташпарастҳои то Зардушт – яъне бузургтарин маросими қурбониёни хунин галаву рамаҳои чорворо ба коми нестӣ бурд. Мардуми гумроҳ баъди дидани ҳар гуна хоб ё ҳаводиси табиӣ аз ҳуҷуми арвоҳи палид, ғазаби офтобу моҳ, кўҳу дарё тарсида, маросими куштори гову гўсфанд ва аспу шутурро баргузор менамуданду хешро хонахароб месохтанд. Зардушт пеши роҳи ин амали содалавҳонаро, ки сабаби тороҷ гаштани чорводорон, кишоварзон мегашт, мегирифт, ба таблиғи якҷонишинӣ, густариши кишоварзиву чорводорӣ шурўъ намуд. Гуфт, ки инсонҳо бояд дар сурати эҳсоси ҳама гуна падидаҳои шум ё хатари эҳтимолӣ бояд ба якдигар мададгор шаванду оштӣ кунанд ва якҷоя ба даргоҳи Аҳурамаздо ниёиш намоянд, яъне танҳо Худованд метавонад онҳоро аз ҳар гуна балову офат нигоҳбон бошад. Бо мурури замон  хурофоту таассуб дар ин дини ниёгони мо роҳ ёфта, ба он раҳна зад. Кор то ҷое расид, ки баъди чандин садсолаҳо мардум бо пешоби гов таҳорат мекарданд, дар баъзе қавмҳо бо хоҳарони худ хонадор шуданд, мубадон дар аҳди Сосониён соҳиби имтиёзи баланд гашта, баробари ашрофзодагон аз халқ дур шуданд. Мардум аз хурофоти дини мазкур ба дод омада, исломро, ки дар ибтидо сабук, ноб ва орӣ аз хурофот буд, пазируфт, аммо баъди 200-300 сол нуфузи хурофот, таассуб ва ҷараёнҳои бо ҳам зид дар ин дини ҷадид хеле авҷ гирифт.

Дар мактабҳои аҳди пайғамбари  ислом Муҳаммад (с) таълиму тадриси илмҳои дақиқ, чун заминшиносӣ, омўзиши забонҳои хориҷӣ, зистшиносӣ, кимиё, тиб ва илмҳои дақиқ роиҷ гашта буд, ки баъдан аз байн рафта, ба ҷойи он илмҳои бебунёди тафсиру қориазёд ривоҷ ёфт. Абуалӣ ибни Сино барои ҷарроҳӣ ва донистани асрори фавти одамон ҷасадҳоро шабона аз гўристон оварда, ҷарроҳӣ мекунад, Улуғбекро фарзандаш Абдулатиф бо дасисаи Хоҷа Аҳрори Валӣ барои назораи ситораҳо қатл кард. Ба қотил гуфтаанд, ки само сирри Худованд аст, фариштаҳо – ситораҳо бараҳнаанд, тамошогари он гунаҳгори азим мебошад. Аҳмади Донишро барои он ки тибқи далелҳои илми ситорашиносӣ гирифтани Моҳу Офтобро тақозои табиат эълон намуду пешгўӣ кард, хурофотпарастони исломӣ кофиру муртад ном бурданд.

Таҷлили ҷашнҳои бузурги ниёгон: “Сада”, “Тиргонӣ”, “Меҳргон” ва “Муждагирон” (ҷашни модарро) фаромўш кардем. Анъанаҳои тантанаи иди “Харбуза”, “Асал” ва даҳҳо дигар расму одат ва анъанаи ниёгонро фаромўш кардем. Ба ҷойи ин арҷгузориҳо ба меҳнаткашон дастархонороии боҳашамат, суханпардозиҳои соқиён, арғуштравиҳои тўлонӣ, сурудхониҳои фалакпечро дар тақлид бо мардуми Қафқоз ташкил кардем, то душманонро моту маҳбут гардонем. Ҷашнгирии зодрўз низ анъанаи мардуми тоҷик нест. Мардуми кишварҳои аврупоӣ, ки як ё ду фарзанд доранд, барои баргузории ҷашни волидону пайвандон шавқманданд.

Банда чандин ҷавононро медонам, ки маблағи бо сад заҳмат аз мардикории кишвари Россия ба каф овардаашонро дар тўйи хонадоршавӣ, барои ҳофизу арғуштӣ, маъракаи серхарҷ сарф намуда, қарздор шуда, боиси маломат, таъну эрод гардиданд. Аз ночорӣ такроран ба оғўши сардиҳои Сибиру Чукотка, Сахалину Мурманск ба ҳаммоливу бинокорӣ рафтанд, чанд сол баъд маризу маҷруҳ ва гирифтор ба дардҳои бедаво баргаштанд.

Оре, расми “чодарканон,” “хусурталбон,” “домодталбон,” “рўйбинон” ва ҷаҳду талош барои нишон додани тавоноии иқтисодию мансабӣ сабаби қашшоқии хонаводаҳо ва дар маҷмўъ мамдакат мегардад, ки билкул хурофоту таассуб ва ифротгароӣ аст.

Ба андешаи мо, хурофотпарастӣ ва тавсеаи он дар зеҳни мардуми камсаводу нохонда аз ҷониби муллоҳо, рўҳониёни сустимону бадниҳод бо мақсади муайян сурат мегирад, ки ба ин васила мардумро дар тарсу ваҳми ҳамешагӣ нигоҳ медоранд. Онҳо муқобиландешаҳояшонро бераҳмона нест мекунанд. Масалан, онҳоеро, ки кураи Заминро кулула мегуфтанд, асрори раъду барқ, обу ҳаво, заминҷунбӣ, тўфонҳо ва равшании моҳу хуршед ва ситораҳо донистанӣ мешуданд,  “зиндиқ”, “кофир” ном мебурданд. Ба ҳама маълум аст, ки дар замони авҷи дини насронӣ нобиғаҳое, чун Конерник, Галилео Галилей, Ҷордано Бруно, Леонардо да Винчи дар Аврупо, бо таассуби дини ислом устод Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Сино, Ҳилолӣ ва Аҳмади Дониш зери интиқод қарор гирифта, мушрику мулҳид, кофиру дӯзахӣ эълон гашта, қисме ба дор кашида шудаву қисме оташ зада шуданд, боқимондаҳо таъқибу озори зиёд диданд. Пайкари Фирдавсии Тўсиро ба гўристони омма роҳ надоданд, ҷасади Ҳофизи Шерозиро бо расми мусалмонӣ ҷаноза кардан нахостанд. Хайёми бузургро барои ашъори риндонааш такфир мекунанд ва ў барои исботи мусалмониаш ба ҳаҷ, ба Макка равона мешавад. Яъне муфассирони мутаассиб ба эҳсосоти заминии ў кор надоранд. Ин ҳама аз бедонишии мо буду ҳаст.

Наҳзатҳои мазҳабӣ, динӣ – сиёсӣ ва бедониши мо давоми таърих сари давлатҳои зиёди миллиро барбод доданд. Намунаи ин наҳзати Абумуслим аст, ки халифаи хунхори Араби Уммавиёнро сарнагун карду ҳокимиятро ба дасти дигар халифаи бераҳм  —  Аббосиён доданд ва дар подош аз дасти ин бегонаи забткор ба ҳалокат расид. Хурофотпарастони исломӣ, таассубгарони шиаву суннӣ якояк ба назди сипоҳсолорони Чингизи разил пинҳонӣ рафта, аз ў ҳалоки пайравони мазҳаби якдигарро тақозо карданд. Амали пешвоёни ду мазҳаб боиси дар як вақт боз гаштани дарвозаҳои Хоразми муҳосиршуда шуду ба тухми мусалмон қирон омад ва кулли он ҳалокшудагон тоҷикон буданд.

Бо таассуби мулло Қамари тотор муъминони шиаву суннӣ байни ҳам кушокушӣ оғоз карданду амири манғитӣ қатли омма ҷадидонро оғоз намуд. Хурофотпарастони исломӣ ба кўҳистониёни донишманди аз Хатлону Қаротегин, Мастчоҳу Ҳисор омада таассубу бадбинӣ карда, бо онҳо ҳамеша дар ситеза буданд. Чун Инқилоби Бухоро ғалаба карду болшивикон ба ҳокимият расиданд, ин дилсиёҳон, ки аксар мутаассибону пантуркистон буданд, ба таъқибу ҳалоки ҳарифонашон бархостанд, ба сафи ЧК даромаданду бо дасисаи онҳо дар кунҷу канори Тоҷикистон зиёиёни тоҷикро бо баҳонаи душмани халқ, “унсур”, “мулло” маҳв месохтанд.

Ҳамин тавр, боз бармегардем ба сари китобу китобхонӣ, ки василаи асосии омўхтани ҳамаи фанҳост.

Дар Паёми Пешвои миллат омадааст: “Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ўро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад”.

Мардуми Аврупо як мақоли бисёр машҳур доранд: “Дониш- чашми ақл аст.”

Дар мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов “Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат” андешаи зайл омадааст, ки онро мо чун ҳамовозӣ ва хулосабарории афкори хеш меҳисобем: “Қудрат ва тавоноии фикри инсон баробар ба андозаи китоб хондани ўст. Яке аз бузургтарин файласуфон ва драманависони олам Дени Дидро (1713-1782) таъкид кардааст: “Фикр кардани инсон қатъ мегардад, агар ў китобхониро қатъ кунад”.

Апрель 14, 2020 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст