Ташкилоти «Пешсаф» ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кумаки хайриявӣ намуд

Апрель 29, 2020 16:02

ДУШАНБЕ, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  104 дона респиратор, 100 дона либосҳои муҳофизатии тиббӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус тақдим карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Директори Ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» Руслан Шукуров иброз доштааст, ки бо назардошти вазъи кунунии сирояти коронавирус, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, онҳо тасмим гирифтанд бо мақсади пешгирии ин беморӣ маводи мазкурро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намоянд.

Ин кумак дар доираи чаҳорчӯбаи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба тозакунии ҷойҳои  заҳролудшуда расонида шуд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» соли 2001 таъсис дода шуда, ҳадафи он таъмин намудани сатҳи  амнияти экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон мебошад.

Имсол ташкилоти мазкур дар се ноҳияи вилояти Хатлон- ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён ва Носири Хусрав  бо истифода аз 1000 тонна моддаҳои заҳролуди бо хок омехташуда заминҳои ноҳияҳои болозикрро тоза намуд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо аз ҷониби созмону ташкилоти байналмилалӣ ва ватанӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои хайриявии иборат аз молу мавод ва таҷҳизоти тиббӣ расонида шуда истодаанд.

Апрель 29, 2020 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд