Турсунзода: Дар тамоми корхонаву ташкилоти шаҳр ситодҳои фаврӣ ва навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардидаанд

Апрель 30, 2020 10:24

ТУРСУНЗОДА, 30.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус ва вусъат бахшидан ба корҳои кишоварзӣ, иҷрои босифат ва саривақтии буҷет тибқи амри раиси шаҳри Турсунзода дар тамоми корхонаву ташкилоти шаҳр ситодҳои фаврӣ ва навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардидаанд. Бо ҷалби сохторҳои маҳаллии маорифу тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занону ҷавонон, эҷодкорон, фаъолони ҲХДТ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ходимони дин гурӯҳҳои корӣ ва хатсайри корӣ таҳия гардидаанд. Ҳамзамон тавассути 5 нақлиёти бо баландгӯякҳо муҷаҳҳаз дар ҳар як маҳали аҳолинишин вобаста ба пешгирии бемории коронавирус, истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои ёрирасону ҷамоавӣ бо усули гардиши хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодаанд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов хабар дод.

Дар ҳудуди шаҳр шахсони масъул бо вазъи манзилҳои истиқоматӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ шинос шуда, дар ҳудуди шаҳр маъракаи безараргардонӣ пурзӯр карда шудааст. Бо ҷалби донишҷӯёни коллеҷу волонтёрони ҷавон аксияи «Худ ва аҳли оилаатро аз коронавирус ҳимоя намо» доир гардида, зимни он беш аз 34500 варақаҳои тавсиявӣ  тақсим гардиданд.

Дар ин раванд бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дастгирии соҳибкорону эҳсонкорон дар кӯчаву деҳа ва муассисаву корхонаҳо дастурҳои пешгирикунандаи бемории коронавирус насб гардида, ба оилаҳои ниёзманд маҳлули спиртӣ, хлор, собун, ниқобҳо ва дигар маводи зарурӣ тақсим гардиданд.

Тибқи иттилои мутахассисонии кумитаи замини шаҳри Турсунзода, бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, иҷрои саривақтии корҳои саҳроӣ, таъмини нақшаи кишт ситоди фаврии корӣ дар самти кишоварзӣ таъсис гардида, ҳамарӯза дар маҳал вобаста ба масъалаҳои мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Бо дарназардошти 60 % зиёд намудани кишти такрорӣ дар шаҳр 9378 га кишти такрорӣ, аз ҷумла, ғалладонагиҳо 5426 га, зироати техникӣ 20 га, кортошка 200 га, сабзавот 2380 га, полезиҳо 217 га ва хӯроки чорво 1135 га ба нақша гирифта шуда, барои иҷро ба хоҷагиҳо вобаста гардидааст.

Ҳамзамон дар шаҳр ситоди фаврӣ дар самти иқтисодӣ фаъолият менамояд, ки доир ба истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷаву ғайримақсаднок, пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа, ҷубронпулию кумакпулиҳо, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва танзими нархи маҳсулот дар бозорҳо чораҷӯӣ менамояд.

Апрель 30, 2020 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд