100 ҳазор сомонӣ ва 5 ҳазор ниқоби муҳофизатӣ -кумаки Вазорати мудофиа дар роҳи муқовимат ба COVID-19

Май 14, 2020 14:30

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фонди хайриявии мубориза бар зидди бемории COVID-19 қариб 100 ҳазор сомонӣ гузаронд. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён, Вазорати мазкур дар радифи дигар сохторҳои мамлакат ҷиҳати пешгирӣ аз сироят наёфтани шаҳрвандони мамлакат ба бемории COVID-19 тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.

То ин давра аз ҷониби ин соҳтори қудратӣ дар кӯчаву хиёбонҳои тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои санитариву гигиенӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд. Инчунин бо мақсади сироят наёфтан аз ин беморӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳои фарҳангӣ беш аз 5000 ниқоби тиббӣ ба сокинони шаҳри Душанбе ва меҳмонони пойтахт тақсим гардида, раванди тақсимоти ниқобҳои тиббӣ аз ҳисоби захираи ин ниҳоди қудратӣ идома дорад.

Тадбирҳое, ки  аз ҷониби Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо  ва афсарони ҳама навъҳои қӯшунҳо роҳандозӣ мегарданд, танҳо ба хотири солимии тамоми сокинони мамлакат нигаронида шудаанд.

Май 14, 2020 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд