Агентии обуҳавошиносӣ: 5-6 май дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар дошта шудааст

Май 4, 2020 13:56

ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 — 6 май вазъи обу ҳаво дар ҷумҳурӣ якбора ноустувор гардида,  боридани  боронҳои бошиддат дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,  дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон борони пуршиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола низ аз эҳтимол дур нест.

Инчунин дар ноҳияҳои кўҳӣ ва доманакўҳии вилояти Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ  ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  эҳтимоли  омадани сел вуҷуд дорад.

Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Ёхсў, Қизилсў (ҷанубӣ), Вахш, инчунин дар шохобҳои дарёи Зарафшон (н.Айнӣ) баландшавии  якбораи сатҳи об пешгўӣ мешавад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки тадбирҳои асосии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сафар ба кӯҳсор, ҷамъоварии занбӯруғҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар мавзеи кӯҳсор мерӯянд, худдорӣ кунанд.

Инчунин Кумита дар рӯзҳои боронӣ дар наздикии ҳавзу дарёҳо қарор доштан ва ба моҳигирӣ машғул шуданро тавсия намедиҳад. Нафароне, ки гирифтори бемориҳои фишорбаландӣ ва дил ҳастанд, бояд дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва бо худ доруҳои таъиншударо дошта бошанд.

Шаҳрвандон метавонанд дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё ба қисми навбатдорӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо рақами 223 13 11 занг зананд.

Май 4, 2020 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст