Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск: «Ба ҳамватанон кумак мерасонем!»

Май 7, 2020 15:15

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти тоҷикони шаҳри  Новокузнетск, ки «Дӯстии халқҳои тоҷику рус» ном гирифтааст,  бо сарварии Шавкатҷон Тоҳиров ва фаъолони  ин ҷамъият Раҳмоналӣ Одинаев, Имоиддин Сониев, Қаҳрамон Ҳамдамов, Маҳмадкарим Абдукаримов ва Дилшоди Рамазонӣ барои  зиёда аз дусад нафар  оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватаноне, ки айни ҳол бо сабаби бекорӣ дар Россия  банд мондаанд, ҳамчунин  донишҷӯёни тоҷик ва  маъюбону солхӯрдагон  новобаста аз миллату халқияташон, ки ниёз ба дастгирӣ доштанд, кумак расониданд.

Тавре роҳбари Ҷамъияти тоҷикони шаҳри  Новокузнетск  Шавкатҷон Тоҳиров зимни суҳбат бо хабарнигори  АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбаргӣ БОҚӢ  иброз намуд, «хуруҷи коронавирус, ки имрӯз саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст, ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар вилояти Кемерово таъсири худро расонид. Аз ҷумла, бархе аз ҳамватанони мо ва донишҷӯён бо ин сабаб  дар карантин қарор доранд».

«Вобаста ба вазъияти ба амал омада, бо фаъолони ҷамъият пайваста дар байни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем ва ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии «Ковид-19» ва ҳамзаон мубтало нашудан ба ин бемории сироятӣ  ба онҳо маълумоти муфид пешниҳод менамоем. Дар ин баробар ба миқдори зарурӣ ба онҳо аз номи ҷамъият кумак расонидем»,-афзуд Шавкатҷон Тоҳиров.

Мавриди зикр аст, ки аз фаъолияти босамар ва иқдомҳои ватандӯстонаи Ҷамъияти тоҷикони шаҳри  Новокузнетск  «Дӯстии халқҳои тоҷику рус» на танҳо ҳамватанон дар ин шаҳр ва вилояти Кемерово,  балки дар саросари Федератсияи Россия ва Тоҷикистон низ огоҳӣ доранду дар лаҳзаҳои зарурӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд.

— Хушбахтона имрӯзҳо шумораи соҳибкороне, ки мехоҳанд дар ин рӯзҳои мушкил паҳлӯӣ ҳамватанон бошанд ва онҳоро ҳамаҷиҳата дастгирӣ кунанд, хеле зиёд аст, ки воқеан  мояи  ифтихори мо дар байни дигар халқияту миллатҳо мебошад- мегӯяд  роҳбари Ҷамъияти тоҷикони шаҳри  Новокузнетск  ва илова менамояд, ки ин ҳама  иқдомҳои наҷибона дар пайравӣ аз суханрониҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, зеро ба таъкиди сарвари давлат дар рӯзҳои сахту вазнин дасти ёрию кӯмак дароз намудан ба эҳтиёҷмандону ниёзмандон аз некутарин амалҳои хайру савоб ба шумор меравад.

Тибқи иттилои масъулини ин ҷамъият, баргузории чорабиниҳои судманд дар партави сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ идома меёбанд.

Чунин ҳимматбаландию дастгирии  ҳамватанон дар шароити кунунӣ бори дигар аз ҳуввияти баланду некукории мардуми тоҷик  дарак медиҳад.

 

 

Май 7, 2020 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд