АЗ ИНҲО ИБРАТ ГИРЕД! Кумаки вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба сокинони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт

Май 13, 2020 15:55

ДУШАНБЕ, 13.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми «Барои зиндагии шостаи мардум» бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №4 Дилшод Саидзода дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати иҷрои саривақтии супориши Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавриди пешбарии корҳои фаҳмондадиҳӣ  ҷиҳати  пешгирӣ аз бемории коронавирус (COVID — 19)  дар байни аҳолӣ бо сокинони маҳаллаи Бадахшон 1 ва Нисормуҳаммади ноҳияи Шоҳмансур вохӯрӣ бо усули хона ба хона гузаронида  шуд. Ҳамзамон ба  160 оила маводи антисептикӣ, аз  ҷумла 960 адад маводи антисептикӣ ва 2080 адад ниқобҳои муҳофизатӣ  тақсим   гардиданд.

 Зимни вохӯриҳо оид ба пешгирии бемории сироятӣ, беҳдошти ҳолати санитарию гигиенӣ, риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, тозагию ободонӣ, рангубор намудани хонаву кӯчаҳо, таъмири роҳҳои кӯчаву маҳаллаҳо, дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва амсоли ин мавзӯъҳои набзи ҷомеа бо сокинон суҳбат ороста шуд.

Дар вохӯрӣ оид ба сироятёбии сокинони сайёра, торафт доман паҳн кардани бемории  COVID — 19   ва хатари он ба инсон ёдовар шуда, таъкид гардид, ки бо мақсади пешгирии ин беморӣ ҳар як оиларо зарур аст, ки маводи безараргардониро дар шароити хона дошта бошанд ва ҳамарӯза аз он истифода намоянд. Гуфта шуд, ки сокинон бояд тавсияҳои табибонро ҳамаҷониба риоя намоянд ва ҳолати санитарию эпидемиологии хона, кӯча ва маҳалларо дар ҳамкорӣ бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия безарар  гардонанд.

Аз сокинон тақозо шуд, ки ҳатман таҷҳизоти истифодаи умумро сари вақт безарар гардонанд ва дар иҷрои ин амал ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.

Дар идомаи вохӯриҳо оид ба вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, зебо гардонидани кӯчаву маҳалла дар доираи талаботи шаҳрдорӣ суҳбат ороста шуд. Гуфта шуд, ки бо  ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як хона бояд зебову дилрабо гардонида шавад.

Дар идома оид ба иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдовар шуда, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзҳои шанбе дастаҷаъмона ба ҳашарҳои умумӣ баромада, корҳои ободониро вусъат бахшанд.

Ҳамзамон оид ба тарбияи ахлоқии фарзандон ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани онҳо бо волидайн суҳбати самимӣ    сурат  гирифт. Зикр гардид, ки волидайнро мебояд дар татбиқи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни    Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” саҳм гузоранд. Мардум бояд ба ҳеҷ ваҷҳ ба зиёдаравию хурофот роҳ надиҳанд, зеро амали мазкур ба ҷуз зиён ба буҷаи оила ва ҳолати равонии  шахс дигар суде нахоҳад    дошт.

Ҳамзамон ба сокинон муроҷиатномаи   Раиси  шаҳри Душанбе, Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Рустами  Эмомалӣ, муроҷиатномаи  Ҳизби   Халқии  Демократии Тоҷикистон ва маводи   иттилоотии таблиғотӣ  тақсим   гардид.

 

Май 13, 2020 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд