Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷайҳун

Май 28, 2020 07:58

ДУШАНБЕ, 28.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои зироати кишоварзии Хоҷагии деҳқонии “Одили Ҷалолиддин” ва боғи “Абдураҳмони Ҷомӣ” шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии “Одили Ҷалолиддин” аз соли 2011 таъсис ёфта, майдони умумии онро 6 гектар замини корами обӣ ташкил медиҳад. Айни замон саҳмдорон дар 1 гектар полезӣ, 2 гектар пиёз, 1 гектар пахта ва 2 гектар маккаи дон кишт намудаанд, ки нашъунамои хуб доранд.

Хоҷагии мазкур ҳамасола бо бардоштани ҳосили фаровон дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас дошта, маҳсулоти он ба хориҷи мамлакат низ содирот карда мешавад.

Бино ба таъкиди Пешвои миллат, кишоварзону саҳмдорон вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд масъулияти зиёдтар дошта бошанд ва барои таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ саҳми бештар гузоранд.

Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаву пиёз ва дигар зироати ғалладонагиҳо зиёд карда шудааст.

Ҳамчунин дар ҳаминҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шафтолубоғи Хоҷагии деҳқонии “Абдураҳмони Ҷомӣ” дидан карданд. Зимни боздид Сарвари давлат ба саҳмдорон барои дастгирии ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуда, ба фаъолияти боғдорон баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки боғи мазкур ҳанӯз соли 2011 аз ҷониби деҳқони асил Мақсуд Маҳмудов таъсис ёфта, майдони умумии онро 1,5 гектар шафтолубоғи навъҳои “Лола” ва “Саидаҳмадӣ” ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки аз як дарахт ҳар сол ба ҳисоби миёна аз 40 то 50 килограмм ҳосил ба даст оварда мешавад. Нақши хоҷагии деҳқонии мазкур низ дар таъмини бозори дохилӣ бо меваи тару тоза хеле назаррас буда, хоҷагидорон бо зиёд намудани майдони боғ ҳадаф доранд маҳсулоти худро ба хориҷи мамлакат низ содирот намоянд.

Роҳбарияти Хоҷагии деҳқонии “Абдураҳмони Ҷомӣ” ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замини корами обӣ тадбир андешида, дар майдони зери боғ хӯроки чорво низ парвариш намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заҳмати суботкоронаи соҳибкорону хоҷагидорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар амнияти озуқавории мамлакат ва рушди соҳаи боғпарварӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба боғдорону зироаткорон ҷиҳати рушд додани соҳа дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Саҳмдорон ваъда доданд, ки ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхории зиёди Сарвари давлат нисбат ба марди деҳқон талош хоҳанд кард, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳиссаи бештар гузоранд.

Боздид аз ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷайҳун 28.05.2020

Май 28, 2020 07:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд