COVID-19. Дар Душанбе Беморхонаи сайёри муваққатӣ барои қабули беморон пурра омода карда шуд

Май 25, 2020 06:50

ДУШАНБЕ, 25.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре  қаблан иттилоъ дода будем, бо назардошти вазъи мавҷуда  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Раёсати тандурустӣ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳр дастур дода буд, ки  ба таври илова чанд беморхонаи  муваққатӣ барои зиёда аз 3000 (се ҳазор) кат  ҷиҳати табобати  гирифторони  COVID-19 бо фароҳам овардани ҳама шароити муосир, алахусус бо ҷалби мутахассисони баландихтисос ва таъмин намудани таҷҳизоти тиббии сифаташон баланд ва дорувории зарурӣ ташкил карда шаванд.

Бо ин мақсад дар варзишгоҳи «Бафанда»-и шаҳри Душанбе Беморхонаи сайёри муваққатӣ бо тамоми шароити мавҷуда ташкил карда шуд.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардухтури беморхонаи муваққатӣ Маҳмадулло Қосимов зикр намуд, ин беморхона дар масоҳати 2 гектар ташкил шуда, дар он 144 контейнерҳои махсуси тиббӣ ҷойгир карда шудаанд, ки дорои  984 кати  хоб мебошад.

«Ҳар як контейнерҳои махсуси тиббӣ 20 ва 40-фута буда, контейнерҳои истиқоматии 20-фута 106 адад, дорои 848 кат ва контейнерҳои 40-фута 34 адад, дорои 136 кати хоб  мебошанд. Дар ҳар контейнер аз 4 то 8 кати хоб мавҷуд мебошанд. Ду контейнери дигар барои анбор ва нуқтаи тиббӣ пешбинӣ шудаанд»,- гуфт Маҳмадулло Қосимов.

Бино ба ибрози номбурда, ҳар контейнер мисли  ҳуҷраи хурд буда, дар он барои табобат ва зист шароити зарурӣ мавҷуд аст. Дохили ҳар контейнер  бо рахти хоб, телевизор, мизу курсӣ, кондисионер, обгармкунаки барқӣ (термекс), ташноб, дастшӯяк ва кабинаи душ таҷҳизонида шудааст. Ҳамчунин тамоми  доруворӣ, маводи тиббии муҳофизатӣ ва дигар лавозимоте, ки барои табибон ва ҳамшираҳои шафқат заруранд, пурра таъмин карда шудааст. Корҳои пайвасткунӣ дар самти барқ ва об пурра ба итмом расонида шуда, ҷойи партовгоҳ ва ҷомашӯӣ низ омода мебошад.

Беморхонаи сайёри муваққатӣ дар доираи талошҳои бевоситаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва  пешгирию ва табобати бемории COVID-19 равона карда шудааст.

«Дар ҷавоб ба ин  ғамхории роҳбарияти мамлакат ва пойтахт мо табибонро зарур меояд, ки  шабу рӯз аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои пешгирии сирояти бемории COVID-19 кӯшиш намоем», — мегӯяд сардухтури беморхонаи муваққатӣ.

«Ҳоло беморхонаи сайёр барои ба фаъолият оғоз намудан пурра омода буда, дар назар аст, ки ин марказ ҳамчун минтақаи карантинӣ шаҳрвандонро ба карантин фаро гирад. Бо сабаби он ки ҳоло дар бемористонҳое, ки барои пешгирӣ ва табобати коронавирус пешбинӣ шудаанд, ҷойҳои холӣ зиёданд, аз ин рӯ ин марказ ҳамчун табобатгоҳи  эҳтиётӣ омода карда шудааст. Агар  аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои фаъолият намудан иҷозат дода шавад, мо дарҳол корро оғоз мекунем»,- зикр намуд Маҳмадулло Қосимов.

Хотиррасон мешавем, ки ҳоло вазъи эпидемиологӣ тадриҷан хуб гардида, теъдоди беморон дар Тоҷикистон, хушбахтона, рӯз аз рӯз коҳиш меёбад.

 

Холисаи АСОМИДДИН,
Тоҳир САИД,
АМИТ «Ховар»

   

Май 25, 2020 06:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст