COVID-19: Фаъолияти кошонаҳои ҳусн, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи мошинҳо то 31 майи соли 2020 манъ карда шуд

Май 12, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи саломатии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) фаъолияти тамоми кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 31 майи соли 2020 манъ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи мошинҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.

Май 12, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд