COVID-19. Миёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд рафтуомади бидуни зарурати шаҳрвандон маҳдуд карда мешавад

Май 12, 2020 16:17

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд рафтуомади бидуни зарурати шаҳрвандон байни шаҳру  ноҳияҳои вилояти Суғд маҳдуд карда мешавад. Чунин тавсия  зимни машварати корӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафкунии бемории коронавирус, ки 11 май таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир гардид, дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар машварати корӣ, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, сардори раёсати тандурустӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи соҳаи тандурустӣ иштирок доштанд, муовини Раиси  вилоят Зайнура Азимӣ оид ба  ҳолати имрӯзаи вазъи паҳншавии беморӣ ва корҳои иҷрошуда, рафти муолиҷа, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо лавозимоти тиббӣ,  аз ҷумла корҷома, ниқоб, маводи антисептикӣ, маводи дорувории протоколии ташхисӣ барои беморон маълумот дод. Зикр гардид, ки дар вилояти Суғд коргоҳҳои дӯзандагӣ ба дӯхтани корҷомаҳои муҳофизатӣ ва ниқобҳо аз матои истеҳсоли ватанӣ машғул буда, дар як рӯз зиёда аз 4000 дона корҷома ва 270 ҳазор дона ниқобҳои муҳофизатӣ истеҳсол намуда, ба муассисаҳои тиббӣ ва сокинон дастрас мегарданд. Барои безараргардонӣ ва бурдани корҳои дезинфексионӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 40 тонна маҳлули гипохлориди натрий ба шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаҳо ва мавзеъҳои истиқоматӣ корҳои безараргардонӣ идома доранд.

Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки барои таъмини табибон ва беморон бо маводи доруворӣ ва муҳофизатӣ тамоми чораҳои зарурӣ бояд сари вақт  андешида шаванд.

Дар машварати корӣ ба Раиси вилоят оид ба захираи маводи доруворӣ дар анборҳои ширкатҳои асосии воридкунандаи маводи фармасевтӣ маълумот дода шуд. Зикр шуд, ки ҳоло маводи зарурии доруворӣ ва маҳлулҳои антивирусӣ, сӯзандору, маводи антисептикӣ ба миқдори зарурӣ захира карда шудаанд. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои воридкунандагони маводи доруворӣ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда, ҳар рӯз аз хориҷи мамлакат ба вилоят доруворӣ ворид карда мешаванд.

Дар машварати корӣ ба масъулин дастур дода шуд, ки дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд. Зеро ҳоло ҳам дар шаҳру деҳоти вилоят сокинон бе истифода аз ниқоб гаштугузор доранд. Ё қоидаҳои гигиенаи шахсиро ба таври зарурӣ риоя намекунанд. Масофаи байни якдигар, ҷамъ наомадани миқдори зиёди мардум дар нуқтаҳои фурӯши хӯроки умумӣ, рафту омади байни хонаводагӣ то ҳол идома дорад, ки риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ боиси зиёд паҳн гаштани беморӣ шуда метавонад.

Дар машварати корӣ тавсия дода шуд, ки байни шаҳру навоҳии вилоят рафтуомади бе зарурати шаҳрвандон кам карда шуда, худҳимоякунӣ ва дар хона мондан аз ҷониби аҳолӣ риоя гардад. Бо дастури Раҷаббой Аҳмадзода  дар Раёсати тандурустии вилоят Маркази тамоси вилояти Суғд оид ба масъалахои  COVID-19 ташкил карда шуд, ки он 24 соат ба тамоми сокинони вилоят хизмат мерасонад.

Май 12, 2020 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ