COVID-19. Мутахассисони Ӯзбекистон аз Озмоишгоҳи миллии референсӣ боздид намуданд

Май 19, 2020 10:03

ДУШАНБЕ, 19.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. 18 май  мутахассисони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи сафари кории хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Озмоишгоҳи миллии референсӣ дидан намуданд.

Онҳо зимни вохӯрӣ бо кормандони озмоишгоҳи мазкур дар самти пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нави  COVID-19 табодули афкор намуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ имрӯз тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва бо сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гарданд. Ҳамзамон вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст.

Озмоишгоҳи миллии референсии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 апрели соли 2017 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди ифтитоҳ қарор гирифта буд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз гуфтугӯи телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев,  бо  супоиши  сарвари давлати кишвари ба мо ҳамсоя ва дӯст   8 майи соли равон 8 нафар мутахассисони ӯзбекистонӣ бо шумули пулманолог, реаниматолог, эпидемиолог, вирусолог ва ҳамшираи тиббӣ  бо мақсади кумак  намудан  ба ҳамтоёни  тоҷики хеш ҷиҳати табобати  беморони гирифтори  коронавируси нави COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.

Ҳадафи онҳо додани тавсияҳо аз таҷрибаи  хеш ба ҳамтоёни тоҷик ҷиҳати муолиҷаи нафарони гирифтори сирояти коронавирус мебошад.

Май 19, 2020 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин