COVID-19. Таъсири оқибатҳои бемории коронавирус ба иқтисодиёти ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 15, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 15.05.2020 /АМИТ«Ховар»/. Воқеан ҳам, имрӯз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдиди сирояти короновируси намуди нави COVID-19 ва буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ пешгӯинашаванда гардида, тамоми мардуми оламро ноорому осебпазир намудааст ва мушкилиҳои зиёд пеш овардааст. Мувофиқи таҳлилу пешгӯии мутахассисону коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, дар пасманзари паҳншавии пандемияи коронавирус, бо сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, баланд гардидани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ, норасоии ғизо ва болоравии нархҳо  вазъият дар ҷаҳон боз ҳам мушкил мегардад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 марти соли ҷорӣ расман эпидемияи коронавирусро пандемия эълон кард. Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ин созмон, бо вирусе, ки моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Чин ошкор гардид, беш аз 4 миллион нафар одамон дар 210  кишвари дунё сироят ёфтаанд. Барои пешгирӣ намудани паҳншавии босуръати коронавирус ҳамаи кишварҳо сарҳадҳои худро баста, гардиши миллионҳо нафар одамонро бо ин роҳ маҳдуд намуданд ва амалиёти тиҷоратиро боздоштанд.  Андешидани  чунин тадбирҳо ба суст шудани рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар умум сабаб  гардида, ҳамзамон ба фаъолияти бозорҳои байналмилалии молиявӣ таъсири худро расонида, боиси паст рафтани нархи қоғазҳои қиматноки ширкатҳои бонуфузи дунё гаштааст.

Пешгӯии дақиқи зарари ин бемориро то ҳол ягон кишвари дунё муайян накардааст. Аммо дар асоси таҳлилҳои коршиносон якчанд оқибатҳои манфии ин пандемияро барои иқтисодиёти ҷаҳон номбар намудан мумкин аст: пастравии сатҳи истеҳсолот, ихтисоршавии ҷойҳои корӣ (махсусан дар бахши хизматрасонӣ), паст гардидани даромаднокии бонкҳо аз ҳисоби бад шудани вазъи молиявии қарзгирандагон, коҳишёбии даромадҳои бахши сайёҳӣ. Дар натиҷаи таъсири манфии ин омилҳо арзёбии рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ 2,4 фисад пешгӯӣ гардида истодааст,  ки аз пешгӯии аввала 2,9 фисад камтар аст.

Ҳамзамон тибқи арзёбиҳои гуногун, то охири моҳи майи соли ҷорӣ иқтисоди ҷаҳонӣ метавонад аз 1,2 то 1,5 фоизи иқтидори умумии худро аз даст диҳад. Гузашта аз ин, коршиносон қайд менамоянд, ки дар ин ҳолат фаъолияти соҳибкории хурду миёна бештар зарар мебинад. Барои муқоиса чунин маълумотро овардан мумкин аст: дар семоҳаи чоруми соли 2008, ки аз ҷиҳати буҳрон семоҳаи аз ҳама вазнин ҳисобида мешуд, коҳишёбӣ ба 1,6 фоиз баробар буд. Мутобиқи пешгӯӣ, дар сурати амалӣ шудани сенарияи ресессияи ҷиддӣ сатҳи коҳишёбии иқтисодиёти ҷаҳонӣ боло рафта, он соли 2020-ум 2,5 фоиз манфӣ арзёбӣ мегардад ва танҳо соли 2021 вазъ каме беҳбудӣ ёфта, то 3 фоиз мусбат афзоиш меёбад. Коршиносон андеша доранд, ки  пандемияи коронавирус  дар ин ду соли наздик ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ 5 трлн доллар зарар мерасонад ва оқибатҳои он барои иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дар баробари он барои кишвари мо низ назар ба буҳрони иқтисодии солҳои 2008-2009 вазнинтар арзёбӣ мегардад.

Тавре болотар ишора кардем, бемории коронавирус ба ҳама кишварҳои ҷаҳон, бахусус Россия ва Чин, ки шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, таъсири манфӣ расонида, дар мавриди сустшавии иқтисодиёти онҳо эҳтимоли таъсири он ба иқтисодиёти мамлакати  мо  низ дар назар аст. Аз ҷумла коҳиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёт ва сари вақт татбиқ нагардидани лоиҳаҳои самоягузорӣ метавонад ба суст шудани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, хусусан савдои дохилию хориҷӣ, бахши хизматрасонӣ ва сайёҳӣ таъсири манфии худро зиёдтар расонад.

Дар атрофи масъалаҳои ташвишовари шиддат гирифтани таҳдиду  хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва иқтисодиёти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳои дунё ҷиҳати дар сатҳи муайян нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти миллӣ иқдомҳои нек амалӣ намуда, талошҳои қотеъона ва саривақтӣ бурда истодааст.

Таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус ва муолиҷаи беморон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ фаъолияти шабонарӯзӣ дорад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои таъхирнопазирро дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, беҳтаргардонии вазъи низоми бонкӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, пурра ва сари вақт пардохт намудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва зиёд намудани истеҳсолу захираи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал роҳандозӣ намуда, ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан, саноату кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ, рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Ҳамзамон барои фаровонии бозорҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷоннок намудани кишту кори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва таъмини мардум бо маҳсулоти хурокворӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда истодаанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон банақшагирии бисёрсоҳавии чораҳои эътино ва таъмини омодагии ҷомеа босуръат идома дорад. Қабл аз ҳама пешгирӣ, чораҷӯӣ аз ин беморӣ ва тақвият додани низомҳои миллӣ барои таъмини омодагии низоми тандурустӣ роҳандозӣ гардида, барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи вирус тамоми имкониятҳо сафарбар гардидаанд.

Ҳамзамон аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҷилавгирӣ аз пандемия ва оқибатҳои он назаррас буда, тамоми мардуми мамлакат  амалҳои солеҳи инсонпарварона ва корҳои хайру нек анҷом дода истодаанд. Хушбахтона, дар ин рӯзҳои мушкил шумораи шахсони соҳибдилу накӯкор ва соҳибкорони саховатпеша хеле зиёд буда, воқеан ҳам мояи  ифтихори миллии мо дар байни дигар халқу миллатҳо мебошанд. Соҳибкорони саховатпешаю эҳсонкори ватанӣ ва бурунмарзии мо ба хотири ҳифзи сиҳатӣ ва офияти мардум аз бемории хатарнок ба муборизаи дастҷамъона ҳамроҳ шуда, барои ҳалли саривақтии муаммою мушкилоти мавҷуда камари ҷавонмардӣ бастаанд. Ин ҳама сарҷамъию муттаҳидии миллати тоҷик ба шарофати иқдомҳои наҷибона дар пайравӣ аз амалҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, зеро ба таъкиди Сарвари давлат, дар рӯзҳои сахту вазнин дасти ёрию кумак дароз намудан ба эҳтиёҷмандону ниёзмандон аз некутарин амалҳои хайру савоб ба шумор меравад.

Коршиносон аз таҷрибаи кишварҳои дунё муайян намудаанд, ки ду роҳи мубориза бо ин вирус пеш гирифта шудааст. Қабл аз ҳама, ин карантини шадид аст, ки дар натиҷаи он тамоми корхонаҳо аз кор мемонанд ва одамон дар хонаҳои худ қарор мегиранд. Роҳи дигар,  карантини нарм аст, ки одамон дар ин ҳол ба кори маъмулии худ идома медиҳанд ва музду маошашонро аз кори маъмулии худ пайдо мекунанд. Вале риоя кардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва манъи маъракаҳои серодам имкон медиҳад, ки раванди мубтало шудан ба ин маризӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирад.

Имрӯз мо пешорӯи имтиҳони ҷиддие қарор дорем, ки танҳо ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, роҳ надодан ба ваҳм, тарсу ҳарос ва риояи қатъии тавсияҳои табибон имкон медиҳад, ки аз болои ин вируси аср дастболо гардем. Бинобар ин, моро зарур аст, ки атрофи Сарвари давлат сарҷамъ гардида, тамоми масъалаву мушкилоти пешомадаро фаврӣ ва дастаҷамъона ҳал намоем. Бо боварии комил ва иродати қавӣ имрӯз метавон гуфт, ки мардуми Тоҷикистон аз ин имтиҳонҳои сангину мураккаби замон  сарбаландона  гузашта истодаанд.

Дар чунин лаҳзаҳои барои мардум душвор,  мо, вакилони мардумӣ бо тамоми ҳастӣ дар паҳлӯи миллату давлати худ буда, талош менамоем, ки  дар ҳама шароит барои рафъи мушкилоти пешомада ба интихобкунандагони худ кумак расонем. Ҳамзамон ҳамаи захираву имкониятҳоро вобаста ба пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус самаранок истифода намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда истодаем.

Мо итминони комил дорем, ки бо сарҷамъию муттаҳидӣ, саъю талоши якҷоя ва албатта, кумаку дастгирии ҷомеаи меҳнатӣ, саъю кӯшиши муштараки сокинону соҳибкорони бонангу номуси шаҳру деҳотамон ин мушкилотро паси сар мекунем, аз ин офати аср раҳоӣ меёбем ва ба рӯзгори орому осоиштаи худ идома мебахшем, Ватани азизамон-Тоҷикистонро боз ҳам ободу зеботар мегардонем.

 

                                             Ҳоким  ХОЛИҚЗОДА,
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия,
номзади илмҳои иқтисодӣ,
узви Фраксияи
ҲХДТ

 

 

Май 15, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид