COVID-19. То имрӯз дар ҷаҳон беш аз 3,8 миллион нафар ба коронавирус мубтало шудаанд

Май 7, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ба ҳолати субҳи 7 май дар саросари ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 ба 3 миллиону 822 ҳазору 860 нафар расида, аз онҳо 1 миллиону 302 ҳазору 891 кас шифо ёфтаанд ва 265 ҳазору 76 тан фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад, 1 миллиону 263 ҳазору 92 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 74 ҳазору 799 нафар ва шумораи шифоёфтагон 212 ҳазору 891 касро ташкил медиҳад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз ИМА, ҳамчунин Испания  (253 682 нафар),  Италия (214 457), Британияи Кабир (201 101), Франсия (174 191), Германия (168 162), Россия (165 929), Туркия  (131 744),  Бразилия (126 611) ва Эрон (101 650) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар дар ИМА — 212 981 нафар, Испания – 159 359, Германия – 139 900, Италия – 93 245, Эрон – 81 587, Туркия – 78 202, Чин – 77 957, Франсия – 53 972, Бразилия – 51 370 ва Канада – 28 171 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (74 799 нафар), Британияи Кабир (30 076), Италия (29 684), Испания (25 857), Франсия (25 809), Бразилия (8 588), Белгия (8 339), Германия (7 275), Эрон (6 418) ва Недерланд (5 204) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Май 7, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»