ДАР ҶАВОБ БА ДАЪВАТИ ХАЙРХОҲОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба табибон ва оилаҳои ниёзманд кумак намуданд

Май 26, 2020 16:10

ДУШАНБЕ, 26.05.2020.  /АМИТ «Ховар»/.  Дар пайравӣ ба  сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Хайрулло ва Зоир Раҳмонзода ҷиҳати дастгирии табибони ҷумҳурӣ, ки дар набард бо «вабои аср»- COVID-19 дар сафи аввали мубориза қарор доранд, иқдоми хайрхоҳона анҷом доданд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, вакилони мардумӣ аз ҳисоби маоши худ дар ин рўзҳои мушкил ба беморхонаҳои ноҳияи Фархор ва оилаҳои ниёзманд 11 ҳазору 500 дона ниқоб, беш аз ҳазор дона маҳлулҳои зиддивирусӣ, 150 баста либоси махсуси тиббӣ, инчунин миқдори зиёди дастпўшҳои бисёркарата, айнакҳои тиббӣ, маводи доруворӣ ва маводи ғизоӣ кумак намуданд.

Иқдоми хайрхоҳонаи вакилон дар ҳоле амалӣ шуд, ки аз 29 апрели соли равон бемории сироятии COVID-19 дар ҷумҳурӣ ошкор шуда, то имрӯз беш аз 3 ҳазор шаҳрвандон ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Инчунин дар доираи иқдомҳои нек аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор Зоир Раҳмонзода ба сокинони ноҳия Панҷи вилояти Хатлон кумакҳои тиббӣ  дастрас гардид. Ин кумакҳо дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ, ҷамоати шаҳраки «Панҷ», ҷамоатҳои деҳоти «Нури Ваҳдат», «Озодагон» ва Кабут Сайфиддин аз тариқи аксияи ҳизбии «Тозагӣ – гарави саломатист!» пешниҳод шуданд, ки дар он 1850 адад ниқоб, 520 адад дастпӯшакҳои муҳофизатӣ, 690 адад маводи антисептикӣ ва дигар маводи зиддивирусӣ тақсим карда шуд.

Май 26, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тадбирҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ шуд
Рустами Эмомалӣ ба Валентина Матвиенко ва Вячеслав Володин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ САРҶАМЪОНА МУБОРИЗА БАРЕМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Модар пуршукуҳ таҷлил гардид
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН. 8 зан аъзои Маҷлиси миллӣ ва 16 нафар вакили Маҷлиси намояндагон мебошанд
Дар Душанбе бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид