Дар Душанбе беморхонаҳои муваққатӣ бо беш аз се ҳазор кати хоб таъсис дода мешаванд

Май 2, 2020 15:49

ДУШАНБЕ, 02.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 30 беморхона бо 5284 (панҷ ҳазору дусаду ҳаштоду чор) кати хоб ва беш аз 5390 (панҷ ҳазору сесаду навад) нафар табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ ба эҳтиёҷмандон хизмат мерасонанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо назардошти вазъияти баамаломада Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Раёсати тандурустӣ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрдориро вазифадор намуданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ҳисоби имконияту захираҳои мавҷуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба таври иловагӣ беморхонаҳои муваққатии табобатиро бо беш аз 3000 (се  ҳазор) кати хоб ҷиҳати муолиҷаи беморони гирифтори вируси сироятии короновирус-COVID-19 бо муҳайё кардани тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти дорувории баландсифат барои истифода омода намоянд.

Назорати иҷрои дастури мазкурро Раиси шаҳр шахсан ба зиммаи худ гирифта, аз рафти корҳо дидан мекунанд.

Май 2, 2020 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд