ДАР ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН. Ба Рӯзи сарҳадбонони тоҷик бахшида мешавад

Май 28, 2020 09:02

ДУШАНБЕ, 28.05.2020/АМИТ «Ховар»/. «Соҳиби марзу бум ё ҳудуди муайяншуда будан дар қатори миллат, забон ва артиш яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат мебошад. Гузашта аз ин, амнияти давлат ва миллат аз сатҳи ҳимояи сарҳадоти он вобастагии мустақим дорад», — ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки расо як сол муқаддам, 28 майи соли 2019 дар  маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат иброз намуда буданд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки суботу оромии кишварамон ва саодату хушбахтии ҳар хонадони он маҳз аз хизмати шабоарӯзӣ ва фидокоронаи сарҳадбонон вобаста аст.

Имрӯз – Рӯзи саҳадбонони тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат чанд нуктаро аз он суханронии Сарвари давлат ёдовар мешавем.

ИҚТИБОС: «Ҳанӯз дар оғози истиқлолияти давлатӣ яке аз омилҳои асосии саршавии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон халалдор гардидани хатти сарҳади давлатӣ буд. Дар он айёми ноором мо ҳанӯз нерӯҳои марзбонӣ ва ҳатто як нафар мутахассиси баландпоя надоштем. Бо истифода аз чунин вазъ, бадхоҳони миллату давлат бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳудуди кишвари мо яроқу аслиҳа, маводи мухаддир ва адабиёти экстремистӣ ворид намуда, бо пуштибонии моддиву маънавии хоҷагони хориҷии худ ва дастгирии гурӯҳҳои ҷинояткор Ватани азизамонро ба гирдоби ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ гирифтор карданд.

Мардуми дар таҳлукаафтода хатти сарҳади беназоратмондаро убур карда, рӯ ба кишварҳои ҳамсоя ниҳоданд.

Чунин ҳолати вазнин, ки метавонист боиси парокандагии миллат ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони мо гардад, фарзандони содиқу огоҳи Ватанро водор сохт, ки моҳи ноябри соли 1992  Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олиро даъват ва баргузор намоянд.

Дар ҳамон иҷлосияи тақдирсоз дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил карда шуд ва баъдан бо қарори раёсати Шӯрои Олӣ дар ҳайати кумитаи зикршуда Раёсати ҳифзи сарҳад таъсис ёфт…».

ДАЛЕЛ: Аввалин санаде, ки ба ҳаллу фасли мушкилоти сарҳад бахшида шуд, қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 — декабри соли 1992 таҳти рақами 981 мебошад. Дар асоси ин қарор дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби аъзоёни ҷабҳаи халкӣ иборат аз 1200 нафар бригадаи таъиноти махсуси марзбонон барпо карда шуд. Ин масъала дар сессияи XVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баррасӣ шуда буд.

Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 1992 фармони таъсиси Раёсати ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба тасвиб расонид. Бригадаи таъиноти махсус ба сохтори раёсат ворид карда шуд.

ИҚТИБОС: «Бо мақсади  ҳарчи бештар таҳти назорат қарор додани вазъият ва пешгирӣ кардани воридшавии аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир зарурат ба миён омад, ки мо 28 майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти кишвар Қӯшунҳои сарҳадиро таъсис диҳем ва ин санаи таърихиро ҳамчун “Рӯзи сарҳадбонон” эълон намоем.

Яъне мо ба монанди дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ Қӯшунҳои сарҳадиро низ дар давраи бисёр ҳассос ва аз ҳар лиҳоз  мушкили таърихи кишварамон, бе ягон заминаи моддиву техникӣ ташкил кардем.

Бинобар ин, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки ҳоло ба як сохтори аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳазу муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфтаанд, яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд…».

ДАЛЕЛ: Дар зарфи  чаҳоряк аср сарҳадбонони  тоҷик  якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қариб 3 ҳазор ҳолати вайронкунии сарҳадро ошкор намуда, зиёда аз 25 тонна воситаҳои нашъадор, қариб 1200 мил силоҳ ва 6300 муҳиммоти ҷангиро мусодира намуда, 638 нафар қочоқчиёнро безарар ва 456 нафар шахсони сарҳадшиканро дастгир кардаанд.

ИҚТИБОС: «Таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳим дар амри пойдории давлату миллат, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи марзу буми кишвар мебошад.

Дар он солҳои душвор сарҳадбонони мо дар ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ва пешгирӣ кардани воридшавии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ, яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир хизмати воқеан таърихӣ карданд.

Бояд гуфт, ки сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи хосса дорад. Ин қисмати сарҳад беш аз 1400 километрро ташкил карда, асосан аз минтақаву мавзеъҳои мураккаб ва душворгузар иборат мебошад.

Яъне мо дар давоми бисту панҷ сол тавассути таъмин кардани ҳифзи марзҳои кишвари худ, ҳамзамон кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳимоя карда истодаем…».

ДАЛЕЛ: Дар маҷмуъ Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳифзу ҳимояи беш аз 40000 километр  сарҳади давлатии кишвари моро бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  давлати  Афғонистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Қирғизистон  бар дӯш доранд.

ИҚТИБОС: «Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такомули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин, таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд.

Ҳоло иқтидори мудофиавии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибтахассуси ҳарбӣ ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ хеле мустаҳкам гардидааст…».

ДАЛЕЛ: Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ 3 раёсати минтақавӣ, 17 отряди сарҳадӣ, 2 отряди таъиноти махсус, Донишкадаи сарҳадӣ, эскадриляи алоҳидаи ҳавоӣ, 7 комендатураи сарҳадӣ, 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 34 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, 4 маркази таълимӣ, 3 госпитали ҳарбӣ ва 5 қисми ҳарбии таъминоти техникӣ таъсис ва бунёд карда шуданд, садҳо километр роҳҳои нави мошингарди сарҳадӣ кушода шуда, манораҳои мушоҳидавӣ ва дигар иншооти муҳандисӣ азнавсозӣ гардиданд, ҷиҳати таҳкими ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот 92 дидбонгоҳи сарҳадии иловагӣ таъсис  ёфтанд.

Дар ин давра, бо истифода аз имкониятҳои дохилии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти иҷроияи давлатии шаҳру ноҳияҳо, дар маҷмӯъ 173 иншооти сарҳадӣ таҷдиду азнавсозӣ шуда,  корҳои сохтмон дар иншооти дигар бомаром идома доранд.

Таъминоти Қӯшунҳои сарҳадӣ бо техникаи ҳарбӣ низ ҳамасола беҳтар гардида, дар муддати панҷ соли охир бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат зиёда аз 500 техникаи нав ва таҷҳизоти муосири сарҳадбонӣ харидорӣ карда шуд.  

ИҚТИБОС: «Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тарбияи кадрҳои ҷавону баландихтисоси ҳарбӣ ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии онҳо ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Мо солҳои охир ба масъалаи боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи касбии устодону омӯзгорон ҷалби мутахассисони баландихтисос ва таълиму тарбияи мутахассисони оянда, хусусан, кадрҳои сарҳадбон эътибори аввалиндараҷа медиҳем…».

ДАЛЕЛ: Ҳамасола 60-70 нафар ҷавонон барои таҳсил ба академияҳои сарҳадии кишварҳои пешрафта фиристода мешаванд. Дар давоми ин солҳо зиёда аз 850 нафар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 536 нафар донишкадаҳои олии хориҷи кишварро хатм намуда, ҳоло дар ҷузъу томҳои гуногуни Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат карда истодаанд. Айни ҳол дар донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 467 нафар ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии сарҳадии хориҷи кишвар 260 нафар ҷавонони мо таҳсил  доранд.  

ИҚТИБОС: «Махсус ёдовар бояд шуд, ки дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳаёти осудаи сокинон ва оромиву суботи мамлакат ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ 148 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро қурбон кардаанд, ки мардуми шарифи тоҷик ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард…».

ДАЛЕЛ: Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат   то имрӯз заҳмати 105 нафар хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадиро бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ ва зиёда аз 1000 нафар хизматчиёни ва аъзои оилаҳои онҳоро бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин  намудааст.

***

 Хотиррасон мешавем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани сарҳади давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 1997 Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки минбаъд ба Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.  Соли 1997 инчунин  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳад» қабул гардид. Тибқи ин қонун вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти марзбонон ба танзим дароварда шудаанд. Соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

                                                                     АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

P.S. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тамоми хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иди касбиашон самимона табрик намуда, барояшон осмони соф, суботу оромӣ дар сарҳадоти  давлатӣ ва ҷасорату матонат дар  ҳимояи марзу буми Ватанамон орзу мекунад.

Май 28, 2020 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонон бояд қарзи шаҳрвандӣ — таҳсили илму дониш ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватанро софдилона иҷро намоянд
Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор иштирок намуд
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Чин ва Эрон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ шуд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Қазоқистон дар Вена иштирок намуд
Дар Вена оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид
Тарбияи ватандӯстӣ — омили муттаҳидии миллат дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор дар Вена иштирок дорад
14 МАРТ-ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА. Давоми 32 сол фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ ба таври назаррас тақвият ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад»