ДАСТИ ДӮСТ. Бо ибтикори бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкати ӯзбекистонӣ ба Тоҷикистон доруворӣ кумак намуд

Май 25, 2020 15:50

ДУШАНБЕ, 25.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  24 май аз ҷониби  ширкати истеҳсолкунандаи дорувории Ӯзбекистон «Самарқанд-Англия-Эко-Медикал» («Samarkand England Eco-Medical»)  барои табобати  гирифторони  бемории сироятии коронавируси COVID-19 ба Тоҷикистон маводи доруворӣ ҳамчун кумак ворид гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.  

«Кумаки мазкур иборат аз 24 тонна доруворӣ,  аз қабили  антибиотикҳо,  давоҳои пешгирӣ аз оризаҳои гуногун  баъди истифодаи антибиотикҳо ва  ҳаббҳои   сипрофлактсин, телум, амоксатсилин, атсесол, глюкоза, дисол, рингер, метронидазол, флуканол, натрий хлорид ба Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастрас шуда, ба тамоми муассисаҳои тандурустии пойтахт тақсим  карда мешавад», — афзуд манбаъ.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдори пойтахт супориш доданд, ки назорати қатъии истифодаи ин маводи тиббӣ мувофиқи таъйинот ва ройгон барои табобати беморони гирфитори коронавирус ба роҳ монда шавад.

Ёдовар мешавем, ки 9 апрели соли равон  бо супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус 18 вагон кумаки башардӯстона расонида шуд. Кумакҳои башардӯстона аз 1000 тонна орд, маводи безараргардонӣ, ба монанди воситаҳои антисептикӣ — дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, респираторҳо, айнакҳои тиббӣ, дастпӯшҳо, ниқоб ва пойафзоли тиббӣ иборат буданд.

Ҳамчунин бо супориши Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 май гурӯҳи табибони вирусшиноси ӯзбек иборат аз 8 нафар ба Тоҷикистон омад ва ҳамчунин тавассути ҳавопаймое, ки табибонро овард, 10 тонна таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ фиристода шуд.

Рӯзи 9 май аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 144 контейнери тиббӣ барои дармонгоҳи сайёри муваққатӣ фиристода шуд, ки дар  ҳудуди варзишгоҳи «Бофанда» дар шаҳри Душанбе ба истифода дода  шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, сарони ҳарду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев 20 май суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо зикр намуданд, ки дар Тоҷикистон ҳодисаҳо дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистонро, ки он ҷо сарбанди обанбори Сардобин рахна шудааст, бо ҳамдардии амиқ пайгирӣ мекунанд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар ин рӯзҳо халқи тоҷик бо дилу ҷон дар  паҳлӯи халқи бародари ӯзбек қарор дорад. Зимни суҳбат ҳамчунин Сарони давлатҳо  авзои  кунунии эпидемиологии минтақа ва ҷаҳонро  баррасӣ  намуда, бо ҳамдигар дар бораи вазъяти  ду кишвар дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси нав табодули иттилоот намуданд. Дар ин замина, Президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон омодагии худро барои амалҳои муштарак ҷиҳати рафъи ҳолатҳои бӯҳронӣ бори дигар тасдиқ карданд.

Мавриди зикр аст, ки аз рўзҳои нахустини ба қайд гирифтани бемории сироятии коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ дар пойтахти мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида, ба миқдори зарурӣ тамоми муассисаҳои тандурустии шаҳрро  бо  маводи доруворӣ  ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин менамояд. Ҳамчунин тамоми сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе дар ин рўзҳо ба таври шабонарўзӣ фаъолият намуда, пайваста корҳои безараргардонӣ ва тадбирҳои дигари зиддиэпидемикӣ мегузаронанд.

Дар як муҳлати кӯтоҳ бо ташаббусҳои саривақтии Раиси шаҳри Душанбе дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт беморхонаҳои муваққатӣ бунёд ва шумораи катҳо барои қабули беморон ба маротиб зиёд карда шуд.

Дар маҷмӯъ, дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳифзи саломатии сокинони пойтахт ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, кормандони соҳаи тиб  мунтазам аз кумаку дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳраманд мегарданд.

20 май бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони офати табиии Ӯзбекистон кумаки дӯстона интиқол гардид, ки асосан масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, бомпӯш (шифер), рангу мех ва дигар лавозимоти заруриро дар бар гирифт.

Май 25, 2020 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун доир мешавад
«БИХАНДАД ЛОЛА БАР САҲРО…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад