ФАКТЧЕКИНГ ДУРӮҒИ ШАРОФИДДИН ГАДОЕВРО ФОШ КАРД. Шабакаи байналмилалӣ саҳеҳияти маводи АМИТ «Ховар»-ро комилан тасдиқ намуд

Май 8, 2020 12:19

ДУШАНБЕ, 08.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, чанд рӯз  пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки гӯё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои табобат ба Олмон рафтаанд.  Чуноне зимни суҳбат бо АМИТ «Ховар» Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода изҳор дошт, манбаи ин маълумот Шарофиддин Гадоев  аст, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад ва яке аз муассисони «Гурӯҳи 24» мебошад, гуруҳе,, ки моҳи октябри соли 2014 бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ташкилоти экстремистӣ эътироф шудааст.

Раҳмонзода гуфта буд, ки маълумоте, ки мухолифин аз хориҷи кишвар паҳн мекунад,  бепоя аст ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар ҷумҳурӣ қарор доранд. «Ин хабаре, ки аз ҷониби бадхоҳони миллат, амсоли Шарофиддин Гадоев, дар Facebook, YouTube ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шудааст, ҳеҷ асосе надорад. Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои душвор дар ҷои кор ва дар фикри беҳдошти вазъи баамаломада ҳастанд ва касоне, ки ҳамроҳашон кор мекунанд, аъзои Ҳукумати мамлакат, шаҳрвандони кишвар инро мебинанду медонанд»,-иброз дошта буд Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Ҳамзамон, Абдуҷаббор Раҳмонзода иттилоъ дод, ки ҳавопоймои Gulfstream G-III-и ширкати Phoenix Air, ки Гадоев ва ҳамравонаш аз он ном бурдаанд, кумакҳои башардӯстонаро аз Олмон ба Тоҷикистон овард. Ӯ илова намуд, ки бинобар вазъи носолими эпидемиологӣ, имрӯз шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки ба ҳам оянду дар атрофии ҳукумат муттаҳид гарданд. «Ин, — гуфт А. Раҳмонзода, — дар рафъи сирояти коронавирус кӯмак хоҳад кард».

Вале бо вуҷуди ин, нафаре бо номи Шавкат Муҳаммад,  яке аз ҳаммаслакони Кабирӣ аз ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзат (дар Тоҷикистон фаъолияташ манъ карда шудааст),  шарҳи Абдуҷаббор Раҳмонзодаро дар видеои навбатии худ дар Интернет зери шубҳа гузошта, кӯшиш намудааст, ки офтобро бо домони ғализи худ пӯшонад. Беҳтар он буд, ки ӯ даҳони хешро мепӯшонид.

Як ширкат аз Қирғизистон, ки  бахше аз  Шабакаи Байналмилалии Фактчекинг  IFCN (International Fact-Checking Network)* мебошад, фактчекинг – санҷиши далелҳои марбут ба ин маводро  доир намуда,  комилан дуруст будани шарҳи Абдуҷаббор Раҳмонзодро дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» тасдиқ намудааст.

ДАР АКС: скриншот аз сомонаи factcheck.kg

Дар робита ба ин, Муҳиддин Кабирӣ тавассути як видео дар Интернет аз ин хабари бардурӯғ изҳори таассуфи оҷизона карда, иброз дошт, ки «баъзан вақт аз сабаби набудани маълумот  намояндагони мухолифин ба овозаҳо бовар мекунанд». Вале боварӣ ба овозаҳо — маънои дурӯғ гуфтан аст. «Наҳзатиён» бояд бидонанд, ки дурӯғ дар таълимоти ислом гуноҳ ва дурӯғгӯй душмани мусулмонон аст.

________________________________________________________________

*Фактчекинг  — санҷиши далелҳо, ягона  силоҳ бар зидди хабарҳои қалбакӣ (фейкӣ), маълумоти носаҳеҳ, навиштаҳои таҳрифкорона,  ва таълимоти ботил аст. Принсипҳои Фактчекинг: мустақилият, беғаразӣ ва саҳеҳият.

IFCN (International Fact-Checking Network) — бо забони тоҷикӣ Шабакаи байналмилалии фактчекинг. Он ташаббусҳои фактчекингиро дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Factcheck.kg муттаҳид месозад. IFCN Кодекси ягонаи фактчекерро таҳия кардааст, ки трендҳо ва форматҳои фактчекингро назорат мекунад, ҳамасола Конфронси Global Fact-ро мегузаронад, грантҳо, таҷрибаомӯзӣ ва гузаронидани тренингҳоро барои ташкилотҳо ва кормандони соҳаи ВАО дастгирӣ менамояд. Инчунин 2 апрелро ҳамчун Рӯзи байналмилалии фактчекинг муқаррар намудааст.

Май 8, 2020 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин