ГАШТУГУЗОР БЕ НИҚОБ ҚАТЪИЯН МАНЪ АСТ! Амалиёти профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳии милитсияи пойтахт

Май 11, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 11.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар давоми як рӯзи баргузории чорабиниҳои профилактикӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт зиёда аз 50  ҳолати риоя накардани талаботҳои аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии коронавируси нав «КОВИД-19»  муқаррагардида ба қайд гирифта шуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИКОВА бо истинод ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе  хабар медиҳад.

Имрӯзҳо пандемияи КОВИД-19 дар баробари дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шуда, ҷиҳати ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва пешгирии паҳншавии ин бемории ҳамагир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас таҳия ва роҳандозӣ гардидааст.

Тибқи тавсия ва талаботи ҷоригардида аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии коронавируси нав – КОВИД-19 гаштугузори шаҳрвандон дар кӯчаву хиёбон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ниқобҳои муҳофизатӣ ҳатмӣ гардида, шаҳрвандонро мебояд пеш аз ҳама барои эмин нигоҳ доштани худ ва дар хатар нагузоштани дигарон ин қоида ва тавсияҳои духтуронро қатъиян риоя намоянд.

Вобаста ба ин ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокӣ ва огоҳонидани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гурӯҳҳои мобилӣ ташкил карда шудаанд, ки ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ бо шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ суҳбатҳои профилактикӣ мегузаронанд. Чуноне дар рафти баргузории чорабиниҳои мазкур маълум гардид, мутаассифона на ҳама шаҳрвандон қоидаҳои беҳдоштии ҷоригардидаро риоя мекунанад. Ҳанӯз ҳам дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт нафароне ҳастанд, ки бе ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ  ва риоя накардани масофаи иҷтимоӣ гашту гузор мекунанд, ки ин амали онҳо пеш аз ҳама боиси ба хатар гузоштани худ ва атрофиён дигар мегарданд.

Тибқи хулоса ва таҳқиқотҳи табибон коронавируси нав КОВИД-19 аз шахси бемор бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла бо роҳи нафас ва даҳон ба дигарон сироят  мекунад. Аз ин лиҳоз истифодаи ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ аз 1,5 то 2 метр ҳангоми гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кучаву хиёбонҳо ҳатмист.

Кормандони милитсияи пойтахт бо он нафароне, ки зимни баргузории ин амалиёти профилактикӣ дар кӯчаву хиёбонҳо бе ниқоб ва риоя накардани масофаи иҷтимоӣ  гаштугузор мекунанд, суҳбатҳои профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Чуноне зикр  гардид, ҳамаи мо, шаҳрвандон, танҳо дар якҷоягӣ бо риояи тавсия ва роҳнамоиҳои табибону мутахассисони соҳа метавоне  ба ин бемории ҳамагир ғолиб омада, худ ва наздиконамонро аз чанголи он эмин нигоҳ дорем.

Ҳамзамон дар доираи амалиёти профилактикии мазкур аз ҷониби кормандони милитсия дар дохили нақлиётҳои чамъиятӣ низ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Мутаассифона дар бештари маврид ронандагон аз меъёри муқараргардида зиёд мусофиронро ба автомашинаи худ савор карда, боиси ба хатар гузоштани дигарон мегарданд. Дар ин радиф шаҳрвандонро низ мебояд  пеш аз ҳама барои нигоҳ доштани саломатии худ аз нишастан ба чунин автомашинаҳои серодам худдорӣ намоянд.

Дар ҷараёни баргузории амалиёти профилактикии мазкур ҳолатҳои зиёди аз меъёри муқарраргардида зиёд гирифтани мусофирон ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ронандагони воситҳои нақлиёти мусофиркаш протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуданд.

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ ба ин беморӣ ва баланд бардоштани маърифатнокиву иттилоотонии шаҳрвандон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе амалиётҳои профилактикиву корҳои фаҳмондадиҳиро идома дода, кормандони ин ниҳод ҷиҳати солимии ҷомеа саҳми худро мегузоранд.

Вобаста ба ин аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз ҳама барои нигоҳ доштани саломатии худ ва дар хатар нагузоштани атрофиён бе зарурат ба кӯча набароянд. Дар сурати баромадан қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла истифодаи ниқоби тиббии муҳофизатӣ ва риояи масофаи иҷтимоиро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд.

 

Май 11, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ