Имрӯз 194 шаҳрванди Тоҷикистон аз Туркия ба Ватан баргардонида шуданд

Май 23, 2020 11:42

ДУШАНБЕ, 23.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз 23 май, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии СOVID-2019 дар Туркия дармонда буданд, ба Душанбе баргардонида шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз аз Туркия 194 шаҳрванди Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бино ба дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шудааст, ки нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати ҳамагирии COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ гардад.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ шаҳрвандони гиромиро бовар мекунонад, ки сарфи назар аз мушкилоти зиёди бесобиқа, тамоми чораҳои зарурӣ  барои солиму эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон дар дохил ва хориҷ ва ҳарчи зудтар раҳоӣ ёфтан аз ин бемории ҳамагир андешида хоҳанд шуд.

Май 23, 2020 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд