ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОСОРХОНАҲО . Онҳо дар Тоҷикистон дар ҳифзу нигаҳдошт, бозшиносиву муаррифии ашёи гаронбаҳои мадании миллат саҳми босазо доранд

Май 18, 2020 14:01

ДУШАНБЕ, 18.05.2020. /АМИТ Ховар/. Имрӯз осорхонаҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаҳои маърифативу равшангароӣ дар ҳифзу нигаҳдошт, бозшиносиву муаррифии ашёи гаронбаҳои мадании халқи тоҷик саҳми босазо мегузоранд. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси ҷумҳурӣ 99 осорхона, аз ҷумла 1 Осорхонаи миллӣ, 8 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 3 осорхонаи вилоятӣ, 51 Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, 24 осорхонаи вазорату идораҳо, 11 хона – осорхона ва 1 бойгонии фарҳангӣ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки шурӯъ аз соли 1977  ҳамасола 18 май  ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо  (International Museum Day) таҷлил мешавад. Аз соли 1978 инҷониб ин  ҷашн  дар 150 давлати ҷаҳон таҷлил гардида, ташкили тамошои ройгони осорхонаҳо дар ин рӯз  ба ҳукми анъана даромадааст. Вале имсол бо сабаби бемории КОВИД-19 дар саросари олам тамоми чорабинию ҷамъомадҳо ба таъхир гузошта шуданд.

Ҳарчанд раванди таъсиси нахустин осорхонаҳои кишваршиносиву таърихӣ дар ҷумҳурии мо миёнаи солҳои 30 – юми асри XX, яъне  замони истиқрори Ҳукумати Шӯравӣ шурӯъ шуда бошад ҳам, дар замони Истиқлолият ин ҷараён равнақи бештар гирифт. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар саросари мамлакат  осорхонаҳои зиёде бунёд ва навсозӣ гардиданд, ки феълан сокинони ҷумҳурӣ аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 18 марти соли 2006 таъкид намуда буданд: «Имрӯз вазифаи муқаддаси мову шумо омӯхтан, ташвиқу тарғиб намудан, ҳифз кардан ва тармиму таҷдиди кулли ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии мамлакатамон аст. Зиёда аз ин ободу зебо нигоҳ доштан ва бою рангорангии осорхонаҳои милливу таърихӣ қарзи муқаддаси инсонии ҳар як фарди равшанфикру бедордили миллат аст».

Дар минтақаҳои гуногуни мамлакат осорхонаҳои зиёде бунёд шуда, ба фаъолият шурӯъ карданд. Аз ҷумла, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Файзобод, Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Ҳисор, Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Турсунзода, Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Гулистон, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи таърихии вилояти Хатлон, Осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров, Осорхона–мамнӯъгоҳи бостоншиносии Панҷакент, Осорхона–мамнӯъгоҳи таърихию кишваршиносии «Ҳулбук», Маҷмааи ҷумҳуриявии осорхонаҳои таърихию кишваршиносии шаҳри Кӯлоб ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ҳамасола Осорхонаи миллӣ бо мақсади  ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангии мамлакат, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон  баргузории барномаи  фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона»-ро пешкаши тамошобинон мегардонид, аммо имсол, мутаассифона, бо сабаби бемории коронавирус тамоми чорабиниҳо ва аз ҷумла дидан намудан аз Осорхонаи миллӣ ба таъхир гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки баргузор намудани иқдоми «Шабе дар осорхона» бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Германия оғоз шуда, баъдан соли 1998 дар Франсия, Англия ва Россия баргузор гардид. Ин иқдом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст баъд аз ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2013 тибқи анъанаи касбӣ баргузор мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ба вуҷуд омадани шароиту имконият Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, икдомоти байналмилалии «Шабе дар Осорхона»-ро 18 май баргузор менамояд. Мақсад аз ташкили чунин иқдом- ин пеш аз ҳама, пешбурди сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба осорхона, муаррифии осори ниёгон, баргузор намудани чорабинии бузурги оммавӣ-маърифатӣ вобаста ба соҳаҳои мухталифи фарҳанг, муаррифӣ намудани осорхона ҳамчун макони таълимӣ -маърифатии муосир ба шумор меравад.

 

Май 18, 2020 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд