Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Май 26, 2020 16:50

ДУШАНБЕ, 26.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шакли видеоконфронс ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Роҳбарони ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карда, пиромуни масоили Афғонистон ва муборизаи муштарак бо таҳдиду чолишҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои марбут ба рушди иқтидори сулҳофаринии СААД, мақоми Нозир ва Шарики СААД, инчунин ҳамкории он бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили ИДМ ва СҲШ-ро муҳокима намуданд.

Зимни баррасии вазъияти бавуқӯъомадаи эпидемиологӣ бар асари ҳамагирии (пандемияи)  коронавируси нав COVID-2019, Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба паҳншавии коронавирус дар мамлакат маълумот дод.

Дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистонро дар доираи СААД зикр  карда, зарурати муборизаи шадид бо терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳро таъкид намуд.

Дар робита ба вазъият дар Афғонистон Сироҷиддин Муҳриддин иброз дошт, ки Тоҷикистон, ки дорои тӯлонитарин сарҳад бо он кишвар аст, тамоми чораҳои низомию сиёсиро ҷиҳати рафъи хатарҳо андешида истодааст. Таъкид гардид, ки вазъияти кунунӣ аз тамоми кишварҳои узви СААД вокуниши муносиб, ба вижа гузоштани қадамҳои таъхирнопазирро ҷиҳати ҳифзи марзҳои ҷанубии Созмон талаб мекунад.

Вазирони корҳои хориҷӣ чанд изҳороти муштарак, аз ҷумла роҷеъ ба ҳамбастагиву ҳамёрӣ дар мубориза бо ҳамагирии коронавирус,  дастгирии даъвати Дабири кулли СММ ба эълони ҷаҳонии оташбас  бино ба ҳамагирии COVID-19, роҷеъ ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва  оид ба ба таъйиди пойбандӣ ба аҳдофу усулҳои Ойинномаи СММ-ро қабул карданд.

Дар интиҳои ҷаласа чанд қарор аз рӯи масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои вазирон дохил шуда буданд, қабул гардиданд.

                                                                                                    АКС  аз ВКХ ҶТ

Май 26, 2020 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд