КОРИ ХАЙР КУНЕМ. Оилаи Абдуллоевҳо ба беморхонаҳои шаҳри Ҳисор ду адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим намуд

Май 26, 2020 14:15

ДУШАНБЕ, 26.05.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ ба  ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оилаи Абдуллоевҳо аз ҳисоби маблағҳои пасандози оилаашон ба беморхонаҳои шаҳри Ҳисор   ду адад нақлиёти ёрии таъҷилии истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин маводи табобатӣ ва даҳ тонна маводи хӯрокворӣ,  аз қабили орд, равған, биринҷ ва маҳсулоти қаннодию шириниворӣ тақдим намуданд.

Дар маросими супоридани кумак Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иштирок намуда, ба бародарон Абдуллоевҳо изҳори сипос намуд. Ҳамзамон Раиси шаҳри Ҳисор аз Беморхонаи марказии шаҳр дидан намуда, бо вазъи табобати беморон, фаъолияти табибон ва таъминоти онҳо бо маводи доруворӣ шинос шуд. Шарифҷон Ҷумъазода зикр намуд, ки табибон дар шароити феълӣ бояд дар иҷрои рисолаташон бештар масъулиятшинос бошанд ва қарзии табибии худро барои табобати бемороне, ки мубталои касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19  мебошанд,  софдилон иҷро намоянд. Зимни суҳбат бо раиси шаҳри Ҳисор  табибон барои ғамхориҳои  пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карданд.

Ҳамзамон бо мақсади дастгирии табибони беморхонаҳои шаҳри Ҳисор ва таъмини беморони гирифтори COVID-19 оилаи Аҳмадовҳо ба беморхонаҳои шаҳри Ҳисор 5 тонна орд, 100 дона хилъат, 250 дона ниқоб, 1800 дона сефтриаксони натрий, 80 дона элфлокс, 80 дона лазалван, 500 дона азитромисин, 500 дона сефатзилим, хлор ва гипрохлориди натрий дастрас намуданд, ки иҷрои ин амал барои табобати беморон ва таъмини табибон бо маводи озуқа саривақтӣ буда, аз хайрхоҳӣ ва саховатмандии бародарон Аҳмадовҳо шаҳодат медиҳад.

Инчунин аз ҷониби ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик»  ва роҳбарияти бозори масолеҳи сохтмонии шаҳри Ҳисор ба оилаҳои камбизоат ва беморхонаи шаҳрӣ либосҳои муҳофизатӣ, маҳлули шустушӯӣ, доруворӣ ва маҳсулоти хӯрокӣ кумак расонида шуд.

АКС аз бойгонӣ

Май 26, 2020 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд