Кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ миёни сокинони шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд

Май 4, 2020 10:43

ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита  ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии  «Ковид-19» дар ҳудуди мамлакат аз ҷониби кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинони маҳаллаҳои Бӯстон ва Наврӯзи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, инчунин дар дигар кӯча ва маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба андешидани тадбирҳои қатъии беҳдоштӣ гузаронида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти мазкур хабар доданд.

Дар шароити кунунӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро маризии ҳамагири сироятӣ фаро гирифтааст, ҷиҳати ҳифзи солимии аҳолӣ риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва талаботи тиббӣ аз ҷониби ҳар шахс муҳим ва зарурист.

Омили дигари пешгирӣ аз паҳншавӣ ва сироят нашудан ба ҳар гуна маризиҳои хатарнок худдорӣ кардан аз маконҳои серодам ва безарурат набаромадан аз хона мебошад.

Чунин вохӯриҳои судманд дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ, ки боигарии асосии давлат аст, минбаъд низ дар радифи дигар ниҳодҳои давлатӣ аз тарафи масъулони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Май 4, 2020 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд